Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ рутбаҳои навбатии ҳарбӣ супориданд

Сентябрь 8, 2023 11:00

ДУШАНБЕ, 08.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  як қатор  хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои дохилӣ, Прокуратураи  генералӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи марказии ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо рутбаи олии ҳарбии «генерал-майор» ва рутбаи дараҷавии «Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3» қадрдонӣ намуданд.

Президенти мамлакат зимни суҳбат иброз доштанд, ки хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои Кувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дигар воҳидҳои низомӣ дар замони соҳибистиқлолӣ аз худ матонату маҳорати баланди ватандӯстиву меҳанпарастӣ нишон дода, дар таъмини амнияту субот, ҳифзи дастовардҳои миллат ва ваҳдати сартосарӣ нақши муассир доранд.

«Ҳукумати мамлакат низ хизматҳои фарзандони содиқу  далер ва матиниродаи Ватанро пайваста қадршиносӣ намуда, онҳо бо шароитҳои арзандаву шоистаи хизмату зиндагӣ фаро гирифта мешаванд», — таъкид намуданд Пешвои миллат.

Маросими супоридани рутбаҳои навбатии ҳарбӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 08.09.2023

Сентябрь 8, 2023 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басманда хатти оби полезиро ифтитоҳ намуданд ва бо лоиҳаи заминҳои кишти картошкаи ноҳияҳои Деваштич, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Шаҳристон шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти томактабии №6-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич 5 кӯдакистон, муассисаи таълимӣ, толори варзишӣ ва бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Коргоҳи дӯзандагӣ ва қолинбофии “Ёсуман”-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Коргоҳи пойафзол ва маводи шустушӯии «Раҳматулло»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Маркази саломатии деҳаи Қалъаи Дӯстиро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони шаҳри Панҷакент мулоқот намуданд
Cуханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони шаҳри Панҷакент
Дар шаҳри Турсунзода майдончаи нави варзишӣ ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент бо фаъолияти гармхонаи Моғиён-Агро шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Сӯҷинаи шаҳри Панҷакент корхонаи истеҳсоли шиферро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент Беморхонаи минтақавиро ифтитоҳ намуданд