Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш мулоқот намуданд

Сентябрь 19, 2023 06:50

ДУШАНБЕ, 19.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 18 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш мулоқот намуданд.

Дар рафти мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, инчунин рӯзномаи мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон ба рушду тавсеаи муносибатҳо бо Созмони Милали Муттаҳид аҳаммияти ҷиддӣ медиҳад ва онро яке аз шарикони калидии худ дар арсаи байналмилалӣ мешуморад.

Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба мушкилоти зиёди сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва амниятии ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла ташаннуҷи геополитикӣ, даргириҳои мусаллаҳона, хатарҳои терроризму экстремизм, буҳронҳои иқтисодиву молиявӣ, тағйирёбии иқлим табодули андеша намуданд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор, суръат бахшидан ба амалҳо оид ба Рӯзномаи 2030 саъю талош дорад ва дар ин самт Стратегияи миллии рушдро барои давраи то соли 2030 қабул намуда, чандин барномаҳои дигари давлатиро мавриди иҷро қарор додааст.

Дар рафти мулоқот ба Созмони Милали Муттаҳид барои дастгирии пайваста аз ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон изҳори сипос карда шуд.

Ҳамкорӣ дар самти об, тағйирёбии иқлим ва таъсири оқибатҳои он ба захираҳои об, пешгирии офатҳои табиӣ, рушди иқтидорҳои тавлиди “неруи сабз”, қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз рӯйи ташаббуси панҷуми Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо, аз мавзӯҳои асосии мулоқот буданд.

Вобаста ба вазъи Афғонистони ҳамсоя таъкид гардид, ки Тоҷикистон тамоми имконоти логистикии худ, аз ҷумла 6 пулро дар марз бо ин давлат барои расонидани кумаки башарӣ ба мардуми он фаро гузоштааст. Бозорҳои наздисарҳадӣ аз нав ба фаъолият шурӯъ намудаанд. Ба давлати ҳамсоя неруи барқ, маводи ғизоӣ ва масолеҳи сохтмонӣ содирот мешавад.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар мавзӯъҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули андеша намуданд.

Мулоқот бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш 19.09.2023

Сентябрь 19, 2023 06:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири энергетика ва захираҳои об дар чорабинии «Ҳафтаи гузариш ба энергияи «сабз» дар Ҷопон иштирок намуд
Дар Душанбе Анҷумани кории Тоҷикистон ва Беларус доир мешавад
Дар маҷаллаи «Trends» дар хусуси Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид-2023 бо иштироки Тоҷикистон мақола ба нашр расид
Ҷамолиддин Абдуллозода дар якчанд ҷаласаи сатҳи баланди СММ оид ба масъалаҳои тандурустӣ иштирок намуд
Дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии пахта бомаром идома дорад
ИФТИХОРИ ТОҶИКИСТОН! Сомон Маҳмадбеков дар Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 ба медали тилло шарафёб гардид!
Ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани «Бешаи палангон» бозгӯи баланд гардидани мавқеи Тоҷикистон дар раддабандиҳои байналмилалӣ аст
40 нафар занони ҳунарманд соҳиби гранти Раиси шаҳри Хуҷанд шуданд
«МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН-2023». Мураббии шаҳри Душанбе Шукрона Мадиева ғолиби даври ҷумҳуриявии озмун гардид
МУБОРАК БОД! Беҳрӯз Хоҷазода дар Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 соҳиби аввалин медали биринҷӣ гардид!
Дар Хуҷанд Маҷмааи муосири варзишии «Суғд Арена» бунёд мешавад
«ТИЛЛОИ САФЕД». Дар вилояти Хатлон беш аз 93 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шуд