Прокуратураи генералии Тоҷикистон ва Агентии Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи адолати ҷиноятӣ икдомҳои минбаъдаро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 22.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. 21 сентябр мулоқоти маҷозии роҳбарияти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Агентии Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи адолати ҷиноятӣ, воқеъ дар шаҳри Гаагаи Нидерланд, Ладислав Ҳамран баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар мулоқот ба роҳ мондани ҳамкории мустақим бо Агентии Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи адолати ҷиноятӣ (Евроюст) ва банақшагирии иқдомҳои ҳамкории минбаъдаи ду ниҳод баррасӣ гардид.
Дар ҷараёни мулоқот таъкид шуд, ки ба роҳ мондани табодули маълумоти тафтишотӣ ва иҷрои дархостҳои якдигар оид ба истирдоди ҷинояткорон ва расонидани ёрии ҳуқуқӣ роҷеъ ба тафтиши ҷиноятҳои фаромиллӣ, бахусус терроризму экстремизм, маблағгузории терроризм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо, хариду фурӯши одамон, қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда саривақтӣ ва мувофиқи мақсад буда, боиси ноил гаштан ба натиҷаҳои назаррас хоҳад шуд.
АКС: Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид






