Рустами Эмомалӣ: «Иқдому қарорҳои дар Форуми байналмилалии сармоягузории Душанбе – 2023 қабулшаванда ба рушди минбаъдаи фаъолияти соҳибкорӣ мусоидат менамоянд»
ДУШАНБЕ, 30.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи «Форуми байналмилалии сармоягузории Душанбе – 2023» 29 сентябри соли 2023 изҳор намуданд, ки ҳадаф аз баргузории форуми байналмилалӣ муаррифии имконияти сармоягузории Тоҷикистон, мубодилаи афкор доир ба таҷрибаи пешқадами шарикон, густариши робитаҳои тиҷоратӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак, тақвият бахшидани раванди ҷалби сармоя ва таҳкими ҳамгироии Тоҷикистон бо иқтисодиёти ҷаҳон мебошад.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ изҳори итминон намуданд, ки иқдомоту қарорҳои дар форум қабулшаванда ба рушди минбаъдаи фаъолияти соҳибкорӣ ва боз ҳам беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ мусоидат намуда, дар соҳаву бахшҳои мухталиф санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо мерасанд.
Ёдовар мешавем, ки 29 сентябр дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе-инвест 2023» оғоз гардид. Дар кори форум беш аз 600 нафар соҳибкорону сармоягузорони якчанд давлатҳои олам ва намояндагони созмонҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ иштирок менамоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад






