Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Ҳадафҳои рушди устувор иштирок намуданд

Сентябрь 20, 2023 01:33

ДУШАНБЕ, 20.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 19 сентябр дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид, воқеъ дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Саммити Ҳадафҳои рушди устувор таҳти унвони “Сафарбар намудани молия ва сармоягузорӣ, инчунин воситаҳои татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор” баргузор гардид.

Дар кори ҳамоиш Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарони дигар давлатҳо, коршиносони байналмилалӣ, намояндагони сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Ҳадафҳои рушди устувор бо нутқи пурмуҳтаво баромад намуданд.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти маблағгузорӣ, бартараф намудани  омилҳои таъсирбахши он ба рушди кишварҳо ва дигар масъалаҳои мубрами рӯзномаи Саммит андешаронӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд возеҳ дарк намояд, ки мавзӯи маблағгузорӣ барои рушд аз омилҳои муҳимми раванди ноил гардидан ба Ҳадафҳои рушди устувор маҳсуб меёбад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумурданд, ки дар робита ба воқеияти феълии ҷаҳони муосир сохтори низоми байналмилалии молиявӣ таҷдид гардад.

“Давлатҳоро зарур аст, ки сиёсати масъулиятноки пулию қарзиро роҳандозӣ намуда, ҳамоҳангсозии сиёсати макроиқтисодиро тақвият бахшанд, то ки барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ, камтараққӣ ва ҷазиравӣҷиҳати татбиқи Рӯзномаи-2030 фазои мусоиди байналмилалӣ фароҳам оварда шавад”, изҳор доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тадбирҳои Ҳукумати мамлакат ёдовар шуда, иброз доштанд, ки Тоҷикистон ҷиҳати рафъи оқибатҳои мушкилоти молиявию иқтисодӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи иқтидорҳои мавҷуда ба мақсади таъмин намудани рушди босамари иқтисодӣ тадбирҳои иловагӣ андешида, ба хотири тавсеаи имкониятҳои маблағгузории бахши иҷтимоӣ талош меварзад.

Ба андешаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари равона намудани маблағҳои дохилӣ, фароҳамсозии шароити байналмилалии мусоид барои афзоиши истеҳсолот ҷиҳати ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор нақши муҳим мебозад. Барои мусоидати фаъоли кишварҳо ҷиҳати рушд зарурати бештар намудани ҳаҷми кумакҳо муҳим аст.

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки мо, бо дарназардошти хатару таҳдидҳои муосир, аз амалҳои махсус, ки ба рушд равона шудаанд, ҷонибдорӣ менамоем.

Пайомадҳои манфии хатару таҳдидҳои муосир ва оқибатҳои манфии тағйирёбии иқлим ҷиҳати ноил шудан ба рушди устувор монеаи ҷиддӣ эҷод менамоянд.

Аз ин рӯ, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешидани тадбирҳои самарабахшро дар самти коҳиш додани таъсири ин омилҳо ва муттаҳидсозии кӯшишҳои кишварҳо дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ зарур шумурданд.
Иштирок дар Саммити Ҳадафҳои рушди устувор 20.09.2023

Сентябрь 20, 2023 01:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд