Ширкати энергетикии «Небрас»-и Қатар барои сармоягузорӣ ба сохтмони НБО-и «Шӯроб» изҳори омодагӣ намуд
ДУШАНБЕ, 30.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. 29 сентябр дар Давҳа Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Директори иҷроияи ширкати энергетикии «Небрас» Халид Муҳаммад Ҷоло мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Мулоқоти мазкур дар ҳошияи ҷаласаи чоруми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ вобаста ба имконияти сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус ба сохтмони НБО-и «Шӯроб» маълумот дода шуда, аз ширкати энергетикии Қатар даъват карда шуд, ки барои идомаи сохтмони ин иншооти бузург сармоягузорӣ намояд.
Халид Муҳаммад Ҷоло таъкид намуд, ки оид ба имконияти энергетикии Тоҷикистон маълумот дошта, омодагии худро барои сармоягузорӣ ба НБО-и «Шӯроб» иброз намуд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Минск масъалаҳои рушди ҳамкории геологӣ дар доираи ИДМ баррасӣ гардиданд
Дар вилояти Суғд ҳар сол қариб дар 35 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронида мешавад
Густариши робитаҳои мустақими соҳибкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид
Рушди робитаҳои тиҷоратию сармоягузории бахши хусусӣ байни Тоҷикистон ва Чин баррасӣ карда шуд
Дурнамои ҳамкорӣ байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Полша баррасӣ гардид
Масоили соҳаи роҳсозӣ ва роҳдорӣ дар Осиёи Марказӣ дар Конфронси панҷуми байналмилалии CARS-2026 дар Душанбе баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти тафтиши андозии кишварҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
«Shohin Airlines» як ҳавопаймои навъи L-410-ро вориди парки ҳавопаймоҳояш намуд
Дар Брест ҷаласаи 83-юми Шурои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои ИДМ баргузор гардид
Форуми «CAPIF-5» дар Душанбе ба таҳкими пайвастагии рақамӣ ва рушди ҳамкории интернетии Осиёи Марказӣ бахшида шуд
Файзиддин Қаҳҳорзода ва Лорд Ҷон Алдердайс самтҳои афзалиятноки соҳаҳои идоракунии молияи давлатӣ ва рақамикунониро баррасӣ намуданд
Ба татбиқи барномаҳои иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд зиёда аз 40 миллиард сомонӣ равона гардид






