ТАЪЛИМ БАРОИ ҲАМА. Дар Тоҷикистон кӯдакон бо кадом забонҳо ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд?

Сентябрь 1, 2023 15:03

ДУШАНБЕ, 01.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 1 сентябр дар тамоми муассисаҳои таълимии Тоҷикистон  дарс оғоз шуд. Тоҷикистон давлати сермиллат аст. Кӯдакон аз оилаҳои миллатҳои дигар дар мактабҳои Тоҷикистон чӣ тавр таҳсил менамоянд ва барояшон кадом имконот муҳайё гардидааст? Мухбири АМИТ «Ховар» дар ин мавзуъ  маълумот омода намуд.

Дар айни замон дар Тоҷикистон тақрибан 160 мактаби омехта (ба забони тоҷикӣ ва русӣ), 60 мактаб ба забони русӣ, 5 мактаб ба забони русӣ ва англисӣ, 8 мактаб ба забони тоҷикӣ, русӣ ва узбекӣ фаъол мебошад. Инчунин дар 6 мактаб таълим бо   забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ, дар 5 мактаб бо забонҳои тоҷикӣ ва туркманӣ  ба роҳ монда шудааст.

Дар мактабҳои сирф русӣ зиёда аз 27 ҳазор нафар хонанда  таҳсил  менамоянд. Илова бар ин дар мактабҳои омехтаи тоҷикиву русӣ ҳудуди 70 ҳазор хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Мутобиқи стандартҳои давлатӣ, таълими забони русӣ ҷузъи ҳатмии барномаи таълимӣ мебошад.

Дар Тоҷикистон ба таълими забони русӣ диққати ҷиддӣ дода мешавад. Дар Конститутсияи мамлакат он ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо сабт шудааст ва забони русӣ дар мактабҳои ҳамагонӣ аз синфи дуюм таълим дода мешавад.

Хотиррасон менамоем, ки 1 сентябри соли 2022 дар Тоҷикистон дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода 5 мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ бо забони русӣ ифтитоҳ шуд. Онро Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Русия муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин тавассути видео- онлайн ифтитоҳ намуданд.

Ин мактабҳо тибқи стандартҳо ва барномаҳои таълимии Русия фаъолият менамоянд.

Омӯзгори забон ва адабиёти рус Қанипа Ғоибова, ки зиёда аз 10 сол дар соҳаи маориф фаъолият намуда, аз соли 2022 дар мактаби русӣ-тоҷикии «Мактаби миёнаи шаҳри Бохтар ба номи М. Ломоносов» корро оғоз намудааст, мегӯяд, ки дар ин муассиса аз рӯи стандартҳои нав таълим дода мешавад.

«Имсол шумораи довталабон барои таҳсил дар ин мактаб нисбат ба соли гузашта хеле афзуд. 120 нафар хонанда дар асоси озмун ба синфи якум қабул шуданд. Ҳамчунин имсол хонандагон аввалин бор синфи 9-ро хатм менамоянд ва тибқи стандартҳои махсус имтиҳон  месупоранд. Ғайр аз ин дар моҳи апрел барои кӯдакони синни томактабӣ дарсҳои иловагӣ ташкил шуданд, ки дар он муаллимони синфҳои ибтидоӣ кӯдаконро барои синфи як ройгон тайёр намуданд. Инчунин дар ин  муассиса ба омӯзгорони мактабҳои маҳаллӣ кумаки методӣ расонида мешавад», — гуфт ҳамсуҳбати мо.

Тибқи низомнома, дар ҳар  синф то 24 нафар хонанда қабул мешавад.

«Китобҳои дарсӣ барои талабагон аз Федератсияи Русия, ба ҷуз аз забони давлатӣ ва таърихи халқи тоҷик фиристода мешаванд. Китобҳои забони давлатӣ ва таърихи халқи тоҷик аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин шуданд. Ин фанҳо барои ҳифзи фарҳангу анъанаҳои давлатамон таълим дода мешаванд», — афзуд Қанипа Ғоибова.

Мансур Назаров аз ноҳияи Қубодиён узбектабор буда,  аҳли оилааш  бо се забон – узбекӣ, тоҷикӣ ва русӣ муошират менамоянд.

«Барои ман баёни фикру андешаҳоям бо забони русӣ нисбат ба забони модариам осонтар аст, зеро ман дар мактаб ва донишгоҳ дар гурӯҳҳои русӣ таҳсил намуда, китобҳои зиёдеро бо забони русӣ мутолиа менамоям. Дар оилаи мо ҳар се забон авлавият дорад. Фарзандони ман  забони русиро хуб медонанд ва ба андешаи ман, ин хуб аст, зеро донистани забонҳои гуногун дар ҳар давру замон имтиёзҳои зиёд дорад»,-илова намуд  ӯ.

Раиси ҷамъияти қазоқон дар Тоҷикистон «Байтерек» Зауре Саминова мегӯяд, ки  қазоқҳое, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ менамоянд, назар ба забони қазоқӣ бо забони тоҷикӣ беҳтар ҳарф мезананд ва иловатан  забони русиро хуб  медонанд.

«Албатта, ин табиӣ аст. Вақте тоҷиктаборони Қазоқистон ба Тоҷикистон меоянд, онҳо низ маъмулан забони модарии худро хуб намедонанд, аммо бо забони қазоқӣ ва русӣ озод ҳарф мезананд»,-афзуд ҳамсуҳбати мо.

Ба андешаи коршиносону сокинони мамлакат, дар Тоҷикистон барои таҳсили кӯдакон тамоми шароит муҳайё буда, онҳо новобаста аз забони муошираташон ба таълиму тадрис фаро гирифта шудаанд.

Бино ба иттилои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Тоҷикистон шумораи муассисаҳои таҳсилоти умумии навъи таҳсилашон  гуногун, ки дар онҳо хонандагон ба забонҳои гуногун таҳсил менамоянд, сол то сол меафзояд. Дар соли хониши 2022-2023 шумораи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба 3967 адад расид. Аз ҷумла, дар ҷумҳурӣ 159 муассисаи таълимии типи нав: 76 гимназия ва 83 литсей мавҷуд аст. Шумораи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ нисбат ба соли таҳсили 2021-2022  27 адад зиёд шудаст.

Лайло ТОИРӢ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 1, 2023 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷашни Ваҳдати миллиро бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ ҷашн гирифтанд
«САОДАТИ МИЛЛАТ ДАР ВАҲДАТ АСТ». Дар Китобхонаи миллӣ таҳти ин унвон ҳамоиш баргузор шуд
Иштирокчиёни экспедитсияи «Саёҳат ба қалби Авруосиё-2025» пойгоҳи кайҳонавардии Байконурро тамошо карданд
Ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
Дар ҳошияи Соли фарҳанги китобхонӣ маҷмӯаи «Нома ба насли оянда» аз чоп баромад
Таҳти унвони «Забон, Ваҳдат ва суботи миллӣ» конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Саридораи геология ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронси илмӣ-назариявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ китоби «Ваҳдатсаро» ба нашр расид
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҳаёти 16 нафарро ҳангоми ғарқшавӣ аз марг наҷот доданд
Дар Душанбе сеюмин Форуми Тоҷикистон ва Чин оид ба таҳсилоти муҳандисӣ-техникӣ доир шуд