Тоҷикистон ва Белгия доираи васеи ҳамкориро мавриди баррасӣ қарор доданд
ДУШАНБЕ, 22.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. 22 сентябр дар шаҳри Брюссел Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон бо Прокурори генералии Подшоҳии Белгия Фредерик Ван Лёв, Директори генералии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Подшоҳии Белгия Фредди Рузмонт ва роҳбари Гурӯҳи ҳамоҳангсози Подшоҳии Белгия оид ба таҳлили хатарҳо (CUTA) Герт Веркутерен вохӯриҳо анҷом дод. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни вохӯриҳо доираи васеи ҳамкории ҳуқуқии байни ду давлат, рафти баррасии лоиҳаҳои созишномаҳо дар бораи истирдоди ҷинояткорон, расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, бозпас додани маҳкумшудагон барои адои минбаъдаи ҷазо, муқовимати муштарак ба терроризм ва экстремизм, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, киберҷиноятҳо, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва дигар масъалаҳои мубрам баррасӣ гардиданд.
Масъалаҳои содагардонии будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Подшоҳии Белгия, қабул кардани шаҳрвандони дар ҳудуди якдигар ғайриқонунӣ қарордошта ва сода намудани реҷаи раводид барои шахсони дорои мақоми махсус аз зумраи масъалаҳое буданд, ки дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилӣ баррасӣ шуданд.
Дар вохӯрӣ бо роҳбари Гурӯҳи ҳамоҳангсози Подшоҳии Белгия оид ба таҳлили хатарҳо (CUTA), ки дорои ваколатҳои монанд ба Маркази ягонаи итилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ба мувофиқа расида шуд, ки ду Марказ байни худ ҳамкории судмандро ба роҳ монда, дар ин ҷода ҳуҷҷатҳои дахлдори ҳамкорӣ ба имзо расонанд.
АКС: Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд






