Вазири нақлиёти Тоҷикистон дар нишасти вазирони нақлиёт дар Чин иштирок намуд

Сентябрь 29, 2023 16:16

ДУШАНБЕ, 29.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. 25-26 сентябр дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин дар чаҳорчӯби Форуми ҷаҳонии нақлиёти устувор нахустин нишасти вазирони нақлиёт дар қолаби «Чин-Осиёи Марказӣ» баргузор шуд, ки дар он Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар доданд.

Дар нишаст масъалаҳои рушди ҳамкории нақлиётиву иртиботӣ байни Чин ва давлатҳои Осиёи Марказӣ, ташкили  долонҳои кӯтоҳу мусоиди нақлиётӣ ва афзуннамоии  ҳамлу нақли транзитӣ баррасӣ шуд.

Бо мақсади татбиқи муштараки тавофуқҳое, ки дар ҷаласаи аввали вазирони нақлиёт дар қолаби «Чин-Осиёи Марказӣ» ҳосил шуда буданд ва ҳамзамон ҷиҳати ҳавасманднамоии ҳамкории фаъоли Чин ва давлатҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи нақлиёт дар чаҳорчӯби «Як камарбанд, як роҳ» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳаҷми тиҷорати хориҷии Чин бо панҷ давлати  минтақа соли 2022 дар муқоиса бо соли 2021 тақрибан ду баробар афзуда, ба 70 миллиард доллар расидааст.

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 29, 2023 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд