Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар ҷаласаи 99-уми Шурои иқтисодии ИДМ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 22.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҷаласаи 99-уми Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шакли видеоконфронс баргузор гардид, ки дар он Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд.
Дар доираи ҷаласа масъалаҳои ҳамкорӣ дар самтҳои тиҷоратию иқтисодӣ, тандурустӣ, саноат, кишоварзӣ, молия, геология, амнияти иттилоотӣ ва инноватсия баррасӣ гардиданд.
Дар оғоз роҳбарони ҳайатҳо оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкории иқтисодӣ табодули афкор намуданд.
Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ бо давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аҳамияти муҳим медиҳад.
Дар робита ба ин дар айни замон зиёда аз 51,3 фоизи гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон ба давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рост меояд.
Дар ҷараёни ҷаласа лоиҳаҳои дар бораи фаъолияти мақомоти соҳавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи иқтисодиёт барои солҳои 2018-2023, Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Стратегияи «Саломатии аҳолии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» барои солҳои 2024-2025, Дар бораи фаъолияти Шурои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи байторӣ барои солҳои 2019-2022, Маҷмуи тадбирҳои оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ бо давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи саноати кӯҳӣ ва металлургӣ аз 28 октябри соли 2016, Дар бораи фаъолияти Шурои байнидавлатии ҳамкорӣ дар соҳаҳои илмию техникӣ ва инноватсионӣ барои солҳои 2018-2022 ва ғайра баррасӣ шуданд.
Дар анҷом аъзои Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил вобаста ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул намуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Президенти Тоҷикистон: «Дар 25 соли охир ба рушди иқтисоди мамлакат 760 миллиард сомонӣ сармоя равона гардидааст»
Дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе сохтмони як гузаргоҳ ва як пули мошингард оғоз меёбад
Султон Раҳимзода: «Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ ворид мешавад»
Дар Душанбе ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Соҳибкори сол – 2026» бо ҷоизаҳо қадрдонӣ карда шуданд
Густариши фаъолияти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи соҳибкорзанони фаъол ба 110 ҳазор нафар расид
«Саноатсодиротбонк» дар номинатсияи «Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи бонкдорӣ» ғолиб гардид
Маҷмуи маҳсулоти дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар нуҳ моҳ ба 1,5 миллиард сомонӣ расонида шуд
Дар шаҳри Бангкок густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Форуми ҷаҳонии озуқаворӣ имконоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
MADE IN TAJIKISTAN. Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ муаррифӣ гардид
14 ОКТЯБР–РӮЗИ СОҲИБКОРОН. Соҳибкорон неруи бузургу пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон мебошанд






