40 деҳа ва 155 ҳазор аҳолии ноҳияи Восеъ бо оби нўшокии хушсифат таъмин гардиданд
ДУШАНБЕ, 29.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 20 октябри соли равон пойгоҳи обкашии деҳаи Тосқалъаи деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. 5 пойгоҳи обкашӣ бо таҷҳизот ва технологияи муосир муҷҷаҳаз гардонида шуда, сокинони деҳаҳои Тосқалъаи поён ва боло, Гулдара, Арал, Заркамар, Зардолубоғ, Ҳулбек ва деҳаи ба номи Элмурод Хоҷаев, дар маҷмуъ 40 деҳа ва 155 ҳазор аҳолиро бо оби нўшокии тоза ва хушсифат таъмин гардиданд.
Мавриди тазаккур аст, ки иншооти мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта шудааст.
Тадбири мазкур дар доираи эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» амалӣ гардида, мушкилоти чандинсолаи сокинони деҳаҳои номбурдаро бартараф намуд.
Фармоишгари сохтмони иншооти мазкур Маркази идораи «Лоиҳаи рушди инфрасохтори маҳаллӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз ҷониби Маркази мазкур бо дастгирии молиявии Бонки ҷаҳонӣ ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва мақомоти иҷроияи маҳаллӣ дар ҳафт ноҳия: Восеъ, Кӯшониён, Вахш, Балхӣ, Дӯстӣ, Левакант ва Ҷайҳун сохтмони аввалин маҷмааи обтаъминкунии умумӣ амалӣ мешавад.
Баъди ба итмом расидани он соли 2025 дар ноҳияҳои интихобшудаи вилояти Хатлон беш аз 400 ҳазор нафар бо оби тоза ва хушсифат таъмин мегарданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






