АНЪАНАИ НЕК ДАР ХАТЛОН. Дар Муъминобод ба 4 омӯзгори ҷавон барои бунёди хонаи истиқоматӣ қитъаи замин ҷудо гардид

Октябрь 20, 2023 09:00

ДУШАНБЕ, 20.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани мақоми омўзгор дар ҷомеа дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷудо намудани замин ба тарбиятгарони насли наврас барои бунёди манзили зист идома дорад. Аз ҷумла, ба 4 омӯзгори ҷавони ноҳияи Муъминобод аз тарафи раиси ноҳия Сертификати замини наздиҳавлигӣ тақдим гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати маорифи вилояти Хатлон.

Мавриди тазаккур аст, ки дар машварати августии кормандони соҳаи маориф ва омӯзгорон аз тарафи Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба 18 омӯзгор аз шаҳру ноҳияҳо Сертификати замини наздиҳавлигӣ тақдим гардид.

Тавре қаблан иттилоъ додем, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун низ ба 8 омӯзгори ҷавон, ки имрӯз ба тарбияи насли наврас машғуланд, замини наздиҳавлигӣ ҷудо шуд. Ҳамчунин 44 муаллими собиқадори ноҳия, ки умри худро ба таълиму тарбияи насли наврас бахшидаанд, бо «Ифтихорнома» ва туҳфаҳои хотиравӣ ҳавасманд гардонида шуданд.

Аз тарафи раисони ноҳияҳои Дӯстӣ, Данғара ва Кӯшониён низ ба омӯзгорон дар арафаи ҷашнҳо ҳуҷҷати тасдиқкунандаи замини наздиҳавлигӣ тақдим карда шудааст.

Хотиррасон менамоем, ки баҳри дастгирию ҳавасмандгардонии омӯзгорон давоми соли таҳсили 2022-2023 ба беш аз 100 нафар омӯзгорони ҷавони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон заминҳои наздиҳавлигӣ ҷудо гардид, ки бештари онҳо аз ноҳияҳои Дӯстӣ, Кӯшониён ва Данғара мебошанд.

Омӯзгороне, ки соҳиби замин гардиданд, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирию ҳавасмандгардонӣ миннатдорӣ баён намуда, ваъда доданд, ки фаъолият ва натиҷаи дастовардҳои худро беҳтар намуда, тамоми донишу маҳорати худро дар таълиму тарбияи насли наврас истифода мебаранд.

Таъкид намудан ҷоиз аст, ки ғамхорӣ дар ҳаққи омӯзгор норасоии кадриро дар соҳаи маориф бартараф намуда, ҳавасмандии омўзгоронро ба таълиму тарбия зиёд ва ба баланд гардидани савияи дониши хонандагон мусоидат менамояд. Зеро сифати таълиму тарбия пеш аз ҳама ба омӯзгор вобастагӣ дорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 декабри соли 2022 арҷу эҳтиромро нисбат ба омӯзгор аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим унвон намуданд.

«Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем», — таъкид намуданд Пешвои миллат.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: Раёсати маорифи вилояти Хатлон

Октябрь 20, 2023 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ду маркази муосири таълимӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ва Рӯзи забони давлатӣ ҳамоиши илмӣ–маърифатӣ доир шуд
Пешвои миллат: «Бе донистани забони адабии тоҷикӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ номумкин аст»
Дар Душанбе доир ба саҳми Пешвои миллат дар рушди забони тоҷикӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ЗЕҲНИ СУНЪӢ–ЭЪТИМОД, АМНИЯТ ВА РУШД». Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ЗАБОНИ МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ». Дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар Рашт ҳамоиши илмӣ доир гардид
Раҳим Саидзода: «Омӯзгор бо таълиму тарбияи насли наврас дар ташаккули неруи зеҳнӣ ва маънавии ҷомеа саҳм мегузорад»
МУАЛЛИМ–АҚЛ, ШАРАФ ВА ВИҶДОНИ ҶОМЕА. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
«ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ». Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Озмуни байналмилалии донишҷӯён ҷамъбаст шуд
Дар ноҳияи Ванҷ Литсейи касбии техникӣ сохта мешавад
Имрӯз бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Мо ба неруи созандаи аҳли маориф, таҷрибаи устодони рӯзгордида ва талошҳои омӯзгорони ҷавон эътимоди қавӣ дорем»