Аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба таври ихтиёрӣ ба сафи Қуввваҳои Мусаллаҳ пайваст шуданд
ДУШАНБЕ, 02.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон Рӯзи даъватшаванда бо шукуҳу шаҳомати хосса доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг иттилоъ доданд.
Дар ин рӯз падару модарон ва наздикони наваскароне, ки ихтиёран барои шомил шудан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ариза пешниҳод намуда буданд, руҳи болида доштанд.
Бо садои марши тантанавӣ ва мусиқии ватандӯстона наваскарон ба саҳни ҷашнгоҳ ворид гардида, дар майдон саф оростанд.
Раиси ноҳия ба наваскароне, ки ихтиёран ба сафи Артиши миллӣ мепайванданд, неруву матонати бузург ва хизмати софдилонаю содиқона ба Ватанро таманно намуд. Иброз гардид, ки хизмат ба Ватан- ин қарзи шаҳрвандии ҳар ҷавонмард буда, далериву ҷасурии ҷавонони моро инъикос менамояд. Ҳар ҷавонро зарур аст, ки аз ин мактаби ҷасорату матонат гузашта, дар ҳифзи марзу буми мамлакат саҳми арзанда гузорад. Ҳамчунин ба падару модари наваскарон барои тарбияи ватандӯстонаи фарзандон ва дарки масъулияти баланд миннатдорӣ баён гардид.
Дар қатори ҷавононе, ки ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваст шуданд, аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдураҳмони Абдулмаҷид ва Исмоили Саймуҳаммад- сокинони Ҷамоти деҳоти Ҷомбахт низ буданд, ки инро метавон намунаи ибрат барои дигар ҷавонон хонд.
Дар анҷоми ҳамоиш ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия барои гусели наваскарон барномаи рангини фарҳангӣ намоиш доданд.
АКС: Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг










Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид






