Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ гузаронида шуд

Октябрь 5, 2023 14:28

ДУШАНБЕ, 05.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ  «Ховар».

Муовини Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Зикриё Абдуллозода дар бораи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар забони Истиқлоли давлатӣ ва хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҳифзи асолати забони ноби тоҷикӣ, қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 5 октябри соли 2009, Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 изҳори назар намуд. Гуфта шуд, ки дар пайравӣ ба иқдому ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат вобаста ба ҳифзи забони тоҷикӣ мо низ бояд саъю кӯшиш намоем.

Муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокир Аминзода  роҷеъ ба мақоми давлатӣ дар муносибатҳои сиёсӣ, рушду такомули забони давлатӣ сухан гуфта, муҳтавои асосии қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба ҳозирин тавзеҳ дод.

Сардори Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зуҳуриддин Асрорзода бобати таърихи инкишофи забони давлатӣ, хизматҳои шоистаи таҳсини фарзандони фарзонаи миллат Садриддин Айнӣ дар эҳёи давлату забони миллӣ ва заҳматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мақоми давлатӣ додани забони тоҷикӣ сухан гуфт.

Иброз гардид, ки забони ноби тоҷикӣ таърихи бою ғанӣ дошта, имрӯз низ бо забони мо миллионҳо нафар дар тамоми ҷаҳон гуфтугӯ менамоянд, ки мояи ифтихору сарфарозӣ аст.

Гиромиву пос доштани асолати забони модарӣ вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди бонангу номуси ҷумҳурӣ буда, бузурдошти Рӯзи забони давлатӣ ба ҳар корманди Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи шинохти арзишҳои миллӣ, дарки масъулияти ватандорӣ ва расидан ба ҳадафҳои дар пешгузошта неру мебахшад.

АКС: Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 5, 2023 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид