Байни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Беларус шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид

Октябрь 6, 2023 15:49

ДУШАНБЕ, 06.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Байни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Беларус ба номи Максим Танк шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ хабар доданд.

Созишномаи мазкур имрӯз дар идомаи Форуми 2-юми ректорони донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Беларус, ки дар пойтахти Ҷумҳурии Беларус- шаҳри Минск идома дорад, аз ҷониби ректорони донишгоҳҳо ба имзо расид.

Ҷонибҳо зимни имзои шартномаи ҳамкорӣ доир ба масъалаҳое, ки дар созишномаи ҳамкорӣ дарҷ гардидаанд, ҷиҳати баргузор намудани конфронсҳои байналмилалии муштарак, ташкили даврҳои такмили ихтисос барои омӯзгорон, табодули донишҷӯён ва тавсеаи ҳамкории минбаъда ибрози назар намуданд.

АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Октябрь 6, 2023 15:49

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид