Бар асари обхезии бузург дар Ҳиндустон 77 нафар ҳалок ва беш аз 200 нафар бедарак шудааст

Октябрь 9, 2023 17:03

ДУШАНБЕ, 09.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 77 нафар ҳалок ва беш аз 200 нафар бар асари обхезии  бузург дар шимолу шарқи Ҳиндустон бедарак шудаанд. Пулу роҳҳо хароб гардида, дар урдугоҳҳои мувақатӣ зиёда аз 3000 ҳазор нафар қарор доранд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи интернетии «RG» иттилоъ медиҳад.

Обхезӣ аз сабаби обшавии кӯли яхини баландкӯҳи Лхонак, ки дар баландии беш аз панҷ ҳазор метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст, рух додааст. Оби зиёд ба дарёи Тиста рехта, он аз соҳилҳо баромадааст. Вазъиятро боронҳои зиёди муссонӣ низ бадтар менамоянд, сатҳи об беш аз 6 метр баланд гардидааст.

Мақомоти Ҳиндустон иттилоъ медиҳанд, ки дар минтақаи обхезӣ 13 пул хароб гардида, роҳҳои зиёд шуста, вайрон шудаанд, ки ин ба тахлияи зарардидагон монеа эҷод менамояд.

Инчунин дар минтақаи обхезӣ зиёда аз ду ҳазор сайёҳ қарор доранд. Тибқи иттилои мақомот, ба ҳаёти онҳо чизе таҳдид наменамояд,  ниёзмандон бо телефонҳои моҳвораӣ ва чизҳои зарурӣ таъмин мебошанд.

Минтақаи дорои аҳолии на камтар аз 22 ҳазор зери об мондааст. Корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ идома доранд.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС: сомонаи интернетии «RG»

Октябрь 9, 2023 17:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд