Бар асари ярч дар Филиппин чаҳор нафар ба ҳалокат расид
ДУШАНБЕ, 27.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар рустои дурдасти музофоти Кесони Филиппин бар асари лағжиши ярч чаҳор нафар ҳалок гардид. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба АИ «Синхуа» хабар медиҳад, дар ин хусус сардори шуъбаи робита бо ҷомеаи Неруҳои ҳарбӣ-ҳавоии мамлакат Мария Консуэло Кастилло хабар додааст.
Ба гуфтаи вай, ҷасади чаҳор нафари бар асари ярч ҳалокшуда пайдо гардид.
Мақомоти шаҳрвандӣ ва низомии маҳаллӣ гуфтанд, ки ярч панҷ хонаро дар пояи кӯҳ зери хок намудааст.
Ба гуфтаи шахсони расмӣ, қурбониён- як зани ҳомила, шавҳараш ва ду марди дигар деҳқонони кӯҳистонӣ буда, ба истихроҷи тилло низ машғул будаанд.
Мақомот гуфтанд, ки сабаби фаромадани ярч бориши зиёд гардидааст.
АКС аз манбаъҳои боз








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






