Беш аз 71 ҳазор нафар дар Шри-Ланка аз боронҳои шадид ва обхезӣ зарар дидаанд

Октябрь 10, 2023 14:37

ДУШАНБЕ, 10.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Зиёда аз 71 ҳазор нафар сокинони Шри-Ланка дар 13 музофоти мамлакат аз боронҳои пуршиддат ва обхезӣ зарар дидаанд. Дар ин хусус Маркази мубориза бо офатҳои табиӣ дар Шри-Ланка иттилоъ додааст, хабар медиҳад АМИТ Ховар бо истинод ба БелТА.

Бар асари обхезӣ ва ярч аллакай се нафар ҳалок шудааст.

Гуфта мешавад, ки ҳафтаҳои охир Шри-Ланка бинобар фаро расидани мавсими боронҳои муссонии ҷанубу ғарбӣ бо бориши шадид рӯбарӯ гардидааст.

Бар асари обу ҳавои номусоиди мавҷуда дар якчанд музофоти мамлакат муҳлати амали огоҳиҳо оид ба фаромадани ярч тамдид гардид.

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 10, 2023 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Индонезия бақайдгирии кӯдакони то 16-соларо дар шабакаҳои иҷтимоӣ манъ мекунад
Истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Туркия уҳдадор мешаванд синни худро тасдиқ намоянд
Австрия нақша дорад, ки дастрасии кӯдакони то 14-соларо ба шабакаҳои иҷтимоӣ манъ намояд
Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд