БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Конференсияи байналмилалӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 27.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040) ва гиромидошти хотираи доктори илмҳои химия, профессор, академики АМИТ Ҳайдар Сафиев дар мавзуи «Рушди самтҳои илмии нав дар химия ва технологияи химиявӣ» Конференсияи байналмилалии илмию амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Ректори донишгоҳ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки Ҳайдар Сафиев солҳои 2001-2005 роҳбарии Донишгоҳи миллиро ба зимма дошт. Ҳайдар Сафиев ҳамчун олим, роҳбар ва ташкилотчии моҳир тавонист дар ин давра Донишгоҳро ба пойгоҳи хуби илмиву таълимӣ ва маърифатӣ дар ҷомеа табдил дода, шароити хуби иҷтимоӣ барои устодону кормандон муҳайё намояд.
Мустаҳкам намудани пойгоҳи моддиву техникӣ, таъсиси ихтисосҳои нави ба бозори меҳнат ҷавобгӯ, дар ин замина ташкили кафедраҳо ва таъсиси 2 факултет: фалсафа ва молиявию иқтисодӣ ва Институти илмию таҳқиқотӣ маҳз дар давраи роҳбарии Ҳайдар Сафиев дар донишгоҳ ба вуҷуд омадааст.
Факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон яке аз марказҳои асосӣ барои амалӣ намудани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи химия ва саноати химиявӣ ба ҳисоб рафта, 65 сол аст, ки фаъолияти пурсамар дорад ва дар ин давра барои бозори меҳнат дар дохил ва хориҷи мамлакат зиёда аз 6000 нафар мутахассисонро бо тахассусҳои химиявӣ, муҳандисӣ ва технологӣ омода намудааст, ки имрӯзҳо дар соҳаҳои гуногуни маорифу илм ва саноату истеҳсолот фаъолияти пурсамар доранд.
Рӯй овардан ба таҳқиқоти илмӣ, хусусан ба таҳқиқи илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ қадами боэътимод барои рушди устувори иқтисоди мамлакат ва таъмини рақобатпазирии ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилаӣ мебошад. Зеро дар марҳилаи нави рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши илм ва тафаккури илмӣ дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва бунёдӣ хеле муҳим аст.
Бо ташаббус ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илмҳои дақиқ рушд ёфта, пойгоҳҳои илмиву техникиашон рӯз аз рӯз беҳтар мешавад. Ҳамин аст, ки дар ин самт пайваста ҳамоишҳои байналмилалӣ амалӣ шуда, табодули афкор бо олимони хориҷи мамлакат зиёд мешавад.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд






