Дар Чин бинобар тӯфони «Коину» сатҳи «зард»-и огоҳӣ идома дорад

Октябрь 9, 2023 16:21

ДУШАНБЕ, 09.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Маркази миллии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Мардумии Чин рӯзи душанбе ҳушдори сатҳи «зард» — ро дар робита ба тӯфони «Коину», ки интизор меравад ба минтақаҳои ҷанубии мамлакат боду боронҳои шадид оварад, тамдид намуд.

Бар асари тӯфон аз рӯзи душанбе то сешанбе дар баъзе ҷойҳои музофоти Гуандун борони сел ба амал омада, дар баъзе минтақаҳои соҳилии Тайван, музофоти Чжэтсзян, Футсзян ва Хайнан, инчунин ноҳияи мухтори Гуанси-Чжуан бодҳои шадиди тӯфонӣ мевазанд.

Ёдовар мешавем, ки дар Чин низоми чорсатҳаи аз тӯфон огоҳонидан мавҷуд мебошад, ки дар он сатҳи баландтарини хатар бо ранги сурх, пас аз он норанҷӣ, зард ва кабуд ишора мешаванд.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС: «Синхуа»

Октябрь 9, 2023 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид