Дар Душанбе барои дар сатҳи баланд доир намудани Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон корҳои омодагӣ оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 17.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тасдиқ гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.
Ба ин муносибат дар ноҳияҳои шаҳр маҷлисҳои тантанавӣ ва дар Боғи Парчами давлатӣ ҷамъомади фарҳангӣ баргузор мегардад.
Бояд гуфт, ки 24 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Парчами миллии Тоҷикистон қабул гардид, ки соли равон ба қабули он 31 сол пур шуд.
Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон аз соли 2009 инҷониб бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расман таҷлил мешавад.
Парчами давлатии Тоҷикистон аз се ранг — сабз, сафед ва сурх иборат буда, ранги сабз — сарсабзӣ, сафед- роҳи сафед, хушбахтӣ, иқболи наку ва ранги сурх- озодӣ ва мустақилиятро ифода менамояд. Парчам дар радифи дигар муқаддасоти миллӣ- Конститутсия, Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ яке аз рамзҳои давлатдорӣ мебошад, ки аз ҳастии миллат ва давлати воҳид шаҳодат медиҳад.
Соли 2011 бо ташаббусу роҳнамоиҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баландтарин парчам дар ҷаҳон, ки баландии сутунаш 165 метр мебошад, барафрохта шуда, ба Китоби «Рекордҳои Гиннес» ворид гардид.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад






