Дар Душанбе бо мақсади коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ вохӯрӣ доир шуд

Октябрь 21, 2023 14:50

ДУШАНБЕ, 21.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода бо роҳбари Дафтари минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба коҳиши хавфи офатҳои табиӣ (UNDRR) дар Аврупо ва Осиёи Миёна Себастиен Пензинӣ вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои густариши робитаҳои ҳамкорӣ байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Дафтари минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба коҳиш хавфи офатҳои табиӣ (UNDRR) мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳадаф аз баргузории мулоқот амалӣ намудани ҳамкории дуҷониба дар самти огоҳӣ, пешгирӣ, рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода ва расонидани кумакҳои башардӯстона ба аҳолии мамлакат дар робита ба офатҳои табиӣ мебошад.

АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Октябрь 21, 2023 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд