Дар Душанбе нақши глобалии Созмони ҳамкории Шанхай баррасӣ мешавад

Октябрь 17, 2023 17:48

ДУШАНБЕ, 17.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 18 октябр дар шаҳри Душанбе таҳти унвони  «Афзалияти раёсати Ҷумҳурии Қазоқистон дар Созмони ҳамкории Шанхай: баланд бардоштани нақши глобалии созмон, таҳкими дӯстӣ ва ҳамкорӣ дар фазои СҲШ» ҳамоиш баргузор мегардад, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар доираи ҳамоиш намоишгоҳи «Қазоқистон ва СҲШ: марҳилаҳои масири калон» баргузор мегардад.

Дар ҳамоиш ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода, Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Чжан Минг, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валихан Туреханов иштирок менамоянд.

Зимни ҳамоиш оид ба масъалаҳои вусъат додани ҳамкории сиёсӣ, иктисодӣ ва илмию техникӣ ба манфиати мардумон ва тамоми минтақа мубодилаи афкор доир мешавад.

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 17, 2023 17:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд