Дар Душанбе вобаста ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар раванди идоракунии давлатӣ тренинги омӯзишӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 24.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 23 октябр дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тренинги омӯзишӣ дар мавзуи «Таҳлил ва пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар раванди идоракунии давлатӣ» доир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин академия.
Тренинг дар доираи ҳамкории муштараки Академияи идоракунии давлатӣ бо дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар шаҳри Душанбе баргузор шуда, дар он кормандони дастгоҳи марказии вазорату идораҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Зимни баррасии мавзуи омӯзишӣ масъалаҳои таҳлили принсипҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», ҷанбаҳои психологӣ ва сотсиологии муқовимат ба коррупсия, омилҳои гендерии ташкили чорабиниҳои муқовимат ба коррупсия ва дигар мавзуъҳои мубрам дар самти муқовимат ба зуҳурроти коррупсия мавриди таҳлил қарор гирифтанд.
Дар фарҷом ҳамкории судманди раёсати Академия бо вазорату идораҳои дахлдор дар самти такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ изҳор шуда, ба баргузории чунин тренингҳои омӯзишӣ ҳавасмандӣ зоҳир гардид.
АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон