Дар факултети фарматсевтии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон озмоишгоҳҳои омӯзишӣ ва клиникаҳои тиббӣ-таҷрибавӣ таъсис меёбанд

Октябрь 11, 2023 15:53

ДУШАНБЕ, 11.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар факултети фарматсевтии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон озмоишгоҳҳои омӯзишӣ ва клиникаҳои тиббӣ-таҷрибавӣ  таъсис дода мешавад. Ин нукта зимни вохӯрии ректори донишгоҳ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода бо ҳайати устодону кормандони факултети фарматсевтии донишгоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Тазаккур дода шуд, ки имрӯз ҷавонон ба соҳаи фарматсия таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Аз ин рӯ, омода намудани мутахассисони ҷавон дар омӯзиш ва таҳияи шакли дорувории ватанӣ ва илман асоснок намудани растаниҳои доругӣ дар Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи дорусозӣ ба ҳисоб меравад. Зеро рушди истеҳсоли саноатии дору дар мамлакат метавонад ҷузъи муҳимми ҳадафи чоруми стратегии давлат гардад.

Дар вохӯрӣ самтҳои мухталифи фаъолияти факултет мавриди баррасӣ қарор гирифта, барои бартараф намудани мушкилоти мавҷуда масъулин дастурҳои мушаххас гирифтанд.

Зимнан гуфта шуд, ки факултети фарматсевтӣ ҷиҳати анҷом додани корҳои назаррас ва таъсиси гурӯҳҳои англисӣ имконияти зиёд дорад.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Октябрь 11, 2023 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид