Дар факултети тиббии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъсиси гурӯҳи академии таҳсил бо забони англисӣ ва ташкили Шурои диссертатсионӣ дар назар аст
ДУШАНБЕ, 12.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар факултети тиббии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъсиси гурӯҳи академии таҳсил бо забони англисӣ ва ташкили Шурои диссертатсионӣ ба нақша гирифта шудааст. Ин тасмим зимни вохӯрии ректори Донишгоҳи миллӣ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода бо ҳайати устодони факултети тиббии донишгоҳ баён шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар донишгоҳи мазкур хабар доданд.
Гуфта шуд, ки таваҷҷуҳи ҷомеа ба соҳаи тиб зиёд аст. Таҳлили солҳои охир нишон медиҳад, ки ҷавонон ба интихоби омӯзиш дар соҳаи тиб завқи бештар доранд. Факултети тиббии Донишгоҳи миллӣ аз ҷумлаи макони омода намудани чунин мутахассисон мебошад. Ҳайати устодони факултет бояд ҳамеша талош намоянд, ки беҳтарин усули таълим ва корбариро ба роҳ монда, ихтисосҳои нав ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои сатҳи байналмилалӣ ташкил намоянд ва ҷомеаро бо мутахассисони соҳибкасби тиб таъмин созанд.
Зимнан таъкид шуд, ки имрӯз таваҷҷуҳ ба соҳаи тиб ҳам дар сатҳи дохилӣ ва ҳам дар сатҳи хориҷӣ бештар гаштааст. Садорати факултетро зарур аст, ки ташкили даврҳои такмили ихтисосро дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ монад. Ҳамзамон мутахассисони мухталифи соҳаи тибро аз марказҳои бузурги тиббӣ-байналмилалӣ даъват намуда, семинару ҳамоишҳои илмӣ-назариявӣ ташкил шавад. Ин гуна тадбирҳо ҷиҳати мустаҳкам намудани дониши устодону кормандон ва таҷрибаи онҳо муфид мебошад.
Ректори донишгоҳ дар баробари баррасии масъалаҳои гуфташуда инчунин роҷеъ ба таҷдиди назар намудани барномаҳои таълимӣ, ташкили ихтисосҳои нав, таъсиси Шурои диссертатсионӣ, ташкили гурӯҳи академии таҳсил бо забони англисӣ, назорати корҳои илмии муҳаққиқони ҷавон ва сари вақт ҳимоя намудани онҳо, дарёфти грантҳо, ташкили конференсияҳои сатҳи байналмилалӣ, назорати ҷиддии таҷрибаомӯзон, раванди ҳуҷҷатгузорӣ дар сатҳи кафедраҳо ва ғайра изҳори нигаронӣ намуда, ба садорат ва коллективи факултет дар самти ҳарчӣ зудтар бартараф намудани нуқсонҳо дастуру супоришҳои қатъӣ дод.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид






