Дар Ҷопон огоҳии тундбодро дар минтақаҳои соҳили уқёнуси Ором бекор намуданд

Октябрь 9, 2023 15:32

ДУШАНБЕ, 09.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Огоҳии тундбодро дар тамоми минтақаҳои Ҷопон дар соҳили уқёнуси Ором бекор намуданд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ИТАР-ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин хусус идораи миллии обуҳавошиносии ин давлат хабар додааст.

Дар якчанд минтақа низ тахлияи аҳолӣ эълон гардид. Аз ҷумла, тақрибан 37 ҳазор нафар дар шаҳри Татэяма (префектураи Тиба) огоҳиномаҳои дахлдор гирифтанд. Ҳоло тавсияҳо бекор шудаанд.

Тундбод бар асари заминларза дар уқёнуси Ором ба вуҷуд омадааст. Аммо идораи обуҳавошиносӣ бинобар сабаби дур будани он дар бораи дараҷа ва чуқурии ҷойгиршавии манбаъ маълумот надодааст.

Азиза ИКРОМӢ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 9, 2023 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид