Дар шаҳри Душанбе Рӯзи забони давлатӣ бошукуҳ таҷлил гардид

Октябрь 5, 2023 17:36

ДУШАНБЕ, 05.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе Рӯзи забони давлатӣ бо иштироки олимону шоирон ва ҳунармандони шинохтаи мамлакат бошукуҳ таҷлил гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

Дар оғоз паёми табрикии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷониби муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ба муносибати ин рӯзи фархунда пешкаш гардид. Ҳамзамон мавсуф дар бораи нақши таърихии забон дар ташаккули миллат ва ҷойгоҳи он дар замони муосир сухан намуд.

Ҳамзамон дар бораи таърихи забони тоҷикӣ, эҷодиёти оламшумули мутафаккирони барҷастаи тоҷик, мавқеи забони тоҷикӣ дар арсаи байналмилалӣ ва хидматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба мавқеи расмӣ гирифтан ва инкишофи забони тоҷикӣ ба ҳозирин маълумот дода шуд.

Иштирокдорон вобаста ба фазилату мероси пурғановати таъриху фарҳанги миллати тоҷик будани забони модарӣ, ки мақоми давлатӣ касб намудааст, сухан гуфта, изҳор доштанд, ки забон хишти аввали кохи миллат, яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва нахустунсури тафаккури миллӣ буда, забони сулҳу дӯстӣ, меҳру муҳаббат ва садоқату бародарӣ мебошад.

Дар идома аз ҷониби ҳунармандони шинохтаи мамлакат сурудҳо дар васфи забон, Ватан ва Тоҷикистон сароида шуданд.

АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Октябрь 5, 2023 17:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад