Дар шаҳри Минск Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва Беларус оғоз гардид

Октябрь 5, 2023 17:21

ДУШАНБЕ, 05.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Беларус Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус баргузор гардид. Дар он 75 ректори муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Беларус ва омӯзгорону кормандони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Беларус иштирок доранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар қисмати ифтитоҳии форум ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода ва Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода иштирок намуданд.

Форуми мазкур ду рӯз идома ёфта, баргузории он ба рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаи илму маориф мусоидат хоҳад намуд.

Ёдрас мешавем, ки дар ҷараёни Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва дигар роҳбарони муассисаҳои олии Тоҷикистон иштирок доранд.

Форуми якуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус моҳи октябри соли 2022 дар пояи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир гардида буд.

Дар доираи форум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Беларус созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Созишнома дар робита ба самтҳои гуногуни соҳаи таҳсилоти олии давлатҳо омода гардида, ба омӯзиши таҷрибаи пешқадам, таҳияи барномаҳои муштарак, табодули устодону донишҷӯён ва анҷом додани корҳои таҳқиқотӣ заминаи мусоид мегузорад.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Октябрь 5, 2023 17:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид