Дар шаҳри Санкт-Петербург ҷаласаи кумитаи Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба иқтисод ва молия доир шуд

Октябрь 12, 2023 16:25

ДУШАНБЕ, 12.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия, муовини Раиси комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба иқтисод ва молия Маҳмадалӣ Қурбонзода дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия ҷаласаи кумитаи мазкур баргузор гардид.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Иштирокчиёни ҷаласа фаъолияти гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи қонуни намунавӣ «Дар бораи шуғли платформа», ҷараёни кор дар лоиҳаи қонунҳои намунавӣ «Дар бораи стандартизатсия», «Дар бораи банақшагирии стратегӣ»-ро, ки аз ҷониби Ҳукумати Санкт-Петербург таҳия шудаанд, баррасӣ намуданд.

Дар ҷаласа ҳамчунин намояндагони Донишгоҳи молиявии назди Ҳукумати Федератсияи Русия ва Маркази сиёсати андози Пажуҳишгоҳи молиявии Вазорати молияи Федератсияи Русия роҷеъ ба мафҳум ва  бобҳои «Андоз аз амвол», «Андоз аз замин» «Нақлиёт», «Қисми махсуси Кодекси намунавии андоз барои давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» сухан гуфтанд.

Дар фарҷоми ҷаласа аъзои комиссия дар чорабиниҳое, ки дар доираи Форуми байналмилалии «Рушди устувори манотиқи кӯҳистон» баргузор гардид, иштирок намуданд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 12, 2023 16:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид