Дар шаҳри Санкт-Петербург ҷаласаи кумитаи Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба иқтисод ва молия доир шуд
ДУШАНБЕ, 12.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия, муовини Раиси комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба иқтисод ва молия Маҳмадалӣ Қурбонзода дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия ҷаласаи кумитаи мазкур баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Иштирокчиёни ҷаласа фаъолияти гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи қонуни намунавӣ «Дар бораи шуғли платформа», ҷараёни кор дар лоиҳаи қонунҳои намунавӣ «Дар бораи стандартизатсия», «Дар бораи банақшагирии стратегӣ»-ро, ки аз ҷониби Ҳукумати Санкт-Петербург таҳия шудаанд, баррасӣ намуданд.
Дар ҷаласа ҳамчунин намояндагони Донишгоҳи молиявии назди Ҳукумати Федератсияи Русия ва Маркази сиёсати андози Пажуҳишгоҳи молиявии Вазорати молияи Федератсияи Русия роҷеъ ба мафҳум ва бобҳои «Андоз аз амвол», «Андоз аз замин» «Нақлиёт», «Қисми махсуси Кодекси намунавии андоз барои давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» сухан гуфтанд.
Дар фарҷоми ҷаласа аъзои комиссия дар чорабиниҳое, ки дар доираи Форуми байналмилалии «Рушди устувори манотиқи кӯҳистон» баргузор гардид, иштирок намуданд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон









Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






