Доир ба сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат ба коррупсия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 21.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи маросими ҷамъбасти машғулияти такмили ихтисос барои котибони судҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз рӯйи барномаи «Сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мавзуи «Сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳолат ва дурнамо» ҳамоиш доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи идоракунии давлатӣ хабар медиҳад.
Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки коррупсия яке аз масъалаҳои мушкили замони муосир ба ҳисоб рафта, садди роҳи инкишофи тамоми ҷодаҳои фаъолияти мақомоти давлатӣ ва инкишофи иқтисодии мамлакат мегардад. Муқовимат бо коррупсия ҷузъи муҳимми сиёсати ҳуқуқии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, амалӣ намудани он райъи қавии сиёсӣ, ташаккули заминаҳои боэътимоди ҳуқуқию ниҳодӣ, банақшагирии стратегӣ ва ҷалби аҳли ҷомеаро тақозо менамояд.
Бо шарофати ташаббусҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ заминаҳои мусоиди мубориза бо омилҳои номатлуб, аз ҷумла коррупсия фароҳам оварда шуда, иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимият ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бо ин зуҳурот таъмин шудааст. Аз ҷумла, дар ин самт қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба талаботи замон ҷавобгӯ қабул шуда, ниҳоди махсусгардонидаи давлатӣ –Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва ниҳоди умумимиллӣ–Шурои миллии муқовимат бо коррупсия таъсис дода шудаанд.
Гуфта шуд, ки донишу малака ва таҷрибаи амалии дар доираи машғулият азхуднамудаи шунавандагон минбаъд дар пешбурди фаъолияти касбӣ ва меҳнатиашон кумак мерасонад.
Дар фарҷом ба шунавандагони даври омӯзишӣ аз ҷониби меҳмонон гувоҳномаҳо оид ба ҷамъбасти бомуваффақияти даври такмили ихтисос барои котибони судҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз рӯйи барномаи «Сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тақдим шуд.
АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон