Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо муассисаҳои олии Беларус созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
ДУШАНБЕ, 09.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва Беларус байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва ду муассисаи олии Ҷумҳурии Беларус: — Донишгоҳи давлатии Барановия ва Донишгоҳи забоншиносии шаҳри Минск оид ба тақвияти имконоти илмию таҳсилотӣ ва пажуҳишию инноватсионии тарафайн созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ хабар медиҳад.
Бояд гуфт, ки масъалаи таъсиси кафедра ва факултетҳои муштарак дар назди Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо муассисаҳои самти фаъолияташон мувофиқ бо ихтисосҳои амалкунандаи муассиса мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор гирифт.
Ёдовар мешавем, ки 5-6 октябр дар шаҳри Минск бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Беларус Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва Беларус баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Беларус ва 75 ректори муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Беларус иштирок доштанд.
Дар қисмати ифтитоҳии форум Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баён дошт, ки маҳз натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Беларус аст, ки ҳамкории дуҷониба дар самти илму маориф рӯз то рӯз рушд менамояд.
Форум дар шаҳри Минск ду рӯз идома ёфта, баргузории он ба дурнамои рушди босамари дуҷониба дар соҳаи илму маориф мусоидат менамояд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода








Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид






