Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии музофоти Шаансии Чин созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
ДУШАНБЕ, 28.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз 18 то 24 октябри соли равон бо мақсади татбиқи нақшаи чорабиниҳои «Эъломияи Сиан» ҳайати кормандони илмиву техникиии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Ханҷони музофоти Шаансии Ҷумҳурии Мардумии Чин қарор дошт. Сафари мазкур бо даъвати Донишгоҳи технологии музофоти Шаансии Ҷумҳурии Мардумии Чин доир гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон.
Зимни сафари корӣ байни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ва Донишгоҳи технологии музофоти Шаансии Ҷумҳурии Мардумии Чин созишномаи ҳамкорӣ оид мубодилаи академии омӯзгорону донишҷӯён, ҳамкории муштараки илмӣ дар самти омӯзиши бехатарии истифодаи нақлиёти барқӣ ва нерӯи гидрогенӣ ба имзо расонида шуд.
Бояд гуфт, ки 17-19 майи соли 2023 дар шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин Саммити нахустини сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ — Чин» баргузор гардида буд, ки дар кори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок карда буданд.
Дар хотимаи Саммити мазкур «Эъломияи Сиан» қабул гардида буд. Таҳкими ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ дар соҳаҳои илму маориф, мубодилаи академии омӯзгорону донишҷӯён, ташкил кардани курсҳои такмили ихтисос, рушди маълумоти муҳандисӣ — техникӣ яке аз бандҳои асосии «Эъломияи Сиан» дониста мешавад.
АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ










Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад






