«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Ҷамъбасти озмун нишон дод, ки дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ хеле зиёд шудааст

Октябрь 30, 2023 12:15

ДУШАНБЕ, 30.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, 28 октябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷоизасупории ғолибони даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд. Дар се соли баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» нахустин  маротиба  Шоҳҷоиза  супорида шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Шоҳҷоиза аз рӯи номинатсияи «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ» бо пешниҳоди амалиёти ҷарроҳӣ  насиби омӯзгори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, ҳамзамон ҷарроҳ дар Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара Ҷаҳонгир Дадаҷонов гардид.

Ба даврии ниҳоии озмун 579 нафар довталаб  аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ роҳхат гирифта, 133 нафар ғолиби озмун гардид. Ба ғолибони озмун, ки ҷойи якумро ишғол намуданд, ҷоиза ва 35 ҳазор сомонӣ, ҷои дуюм- ҷоиза ва 25 ҳазор ва ҷои сеюм ҷоиза ва 15 ҳазор сомонӣ ва ба ғолиби Шоҳҷоиза 70 ҳазор сомонӣ супорида шуд. Инчунин  омӯзгороне, ки шогирдонашон ғолиби ин озмун гардиданд, дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ соҳиби мукофотпулӣ шуданд.

Дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ иброз дошт, ки «сарпарасти Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд ва бо ташаббуси Сарвари давлат  озмун соли сеюм аст баргузор мешавад. Озмун ба хотири рушди тафаккури техникӣ ва рушди ҷаҳонбинии илмӣ дар ҷомеаи мамлакат ва бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди  илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» баргузор мегардад».

«Имсол дар даври аввали озмун  зиёда аз 167 ҳазор хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва аз қишрҳои гуногуни ҷомеа  аз рӯи 7 номинатсия иштирок намуда, ба даврҳои дуюм ва сеюм роҳ ёфтанд. Шумораи иштирочиёни даври аввали озмун нисбат ба соли гузашта тақрибан ду маротиба зиёд буд. Ба даври ниҳоӣ 579 нафар роҳ ёфт, ки нисбат ба соли гузашта қариб ду маротиба дар ин давр ғолибон  зиёдтар ҳастанд. Ва мо кӯшиш ба харҷ додем, ки дар доираи имконият ва тибқи талаботи низомнома даври ниҳоии озмунро баргузор намоем. Озмун асосан дар муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ баргузор гардид»,- афзуд мавсуф.

Хушбахтона, аз баҳое, ки ҳакамон ба довталабон доданд, маълум мешавад, ки сатҳи дониши хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа нисбат ба солҳои пешин хеле боло рафтааст ва холҳои гирифтаи онҳо шаҳодати ин аст. Аз тарафи дигар, таваҷҷуҳ махсусан ба фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ хеле зиёд шудааст. Зеро дар номинатсияҳои математика, физика ва астрономия, химия, биология, география, технологияи иттилоотӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ дар ҳама самтҳо ва дар ҳама  бахшҳо ғолибон шахсоне буданд, ки сатҳи донишашон ниҳоят баланд буд ва саволнома ва тартиби баргузорӣ тибқи озмунҳои байналмилалӣ доир шуд.

«Ғолибон соҳиби ҷоиза, маблағҳои пулӣ ва ҳам омӯзгороне, ки шогирдонашон дар ин озмун ғалаба ба даст оварданд, соҳиби ҷоизаҳои пулӣ, ифтихорнома ва нишони «Илм ва инноватсия» гардиданд. Баргузории озмун такони ҷиддӣ дар рушди тафаккури техникӣ ва ҷаҳонбинии илмиии ҷомеаи Тоҷикистон аст»,- тазаккур дод  Фарҳод Раҳимӣ.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АМИТ «Ховар»

Октябрь 30, 2023 12:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар заминҳои кишоварзӣ яхҷуфт идома дорад
Дар Соли нав дар алоқа буданд: чӣ тавр муштариён шаби идро гузарониданд