«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ» ВА ««ТОҶИКОН»-ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ». Дар даври шаҳрии озмунҳо аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 21 довталаб ғолиб шуд

Октябрь 17, 2023 17:24

ДУШАНБЕ, 17.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар даври шаҳрии ду озмуни ҷумҳуриявӣ – «Илм – фурӯғи маърифат» ва ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 21 нафар сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Аз ҷумла, дар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат»  дастаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз рӯйи номинатсияҳои гуногун: математика, физика ва астрономия, химия, биология, технологияи иттилоотӣ, география ва ихтироъкорӣ иштирок намуда, бо ба даст овардани 16 ҷойи ифтихорӣ (3 ҷойи 1-ум, 5 ҷойи 2-юм, 8 ҷойи 3-юм) даста сазовори ҷойи аввал гардид.

Ректори донишгоҳ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода дастаи ғолибро табрик гуфта, ҷиҳати иштирок дар даври ҷумҳурияӣ ба онҳо муваффақият таманно намуд.

Ҳамзамон дар озмуни ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат», ки бахшида ба 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров доир мегардад, дастаи донишгоҳ соҳиби 5 ҷойи ифтихорӣ (1 ҷойи 1-ум, 1 ҷойи 2-юм ва 3 ҷойи 3-юм) гардида, бо ифтихонома ва туҳфаҳои моливу хотиравӣ ҳавасманд гардонида шуд.

Озмуни мазкур бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони халқамон дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва ба ҳамин роҳ шинохти беҳтари нақши миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмиву таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва дигар асарҳои таърихӣ инъикос ёфтааст, амалӣ мегардад.

Ректори донишгоҳ Қобилҷон Хушвахтзода бо ғолибони озмун вохӯрӣ намуда, барои ҳавасманд намудани онҳо ба масъулин дастурҳои мушаххас дод.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Октябрь 17, 2023 17:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд