Имрӯз дар Душанбе Конфронси осиёӣ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 20.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар чаҳорчӯби иҷрои тавсияҳои «Барномаи чаҳорчӯбаи Сендай оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ барои солҳои 2015-2030» дар шаҳри Душанбе Конфронси осиёӣ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ бо иштироки 30 давлати Осиё баргузор мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки Ассамблеяи генералии СММ 13 октябрро Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо эълон намудааст, ки ҳадафи он мусоидат ба фарҳанги ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳои табиӣ мебошад. Ин имконе аст, ки пешрафтҳои ба дастомада дар масъалаҳои коҳиши хатари офатҳо ва талафоти ҷонӣ, воситаҳои зиндагӣ мутобиқ ба Барномаи қолабии Сендай оид ба коҳиши хатари офатҳо дар солҳои 2015-2030, ки дар Конфронси сеюми ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳои СММ дар Ҷопон моҳи марти соли 2015 қабул шудаанд, эътироф шаванд.
Соли 2016 Дабири кулли СММ «Маъракаи Сендай ҳафт»-ро барои ҳар хонавода дар муддати ҳафт сол амалӣ намуд. Ҳадафи он афзоиши чашмгири ҳамкории байналмилалӣ бо кишварҳои дар ҳоли рушд бо ироаи ҳимояти кофӣ ва пойдор аз онҳо барои ҳимоят аз иқдоми миллии онҳо барои иҷрои ин барнома барои то соли 2030 мебошад.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






