Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат ба амал меояд
ДУШАНБЕ, 31.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шудааст. Рӯзона дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш шуда, танҳо рӯзона дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борони суст ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2+7 дараҷа гарм ва рӯзона 13+18 гарм, дар шарқи вилоят шабона 7-12 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, шабона бебориш пешгӯӣ шуда, рӯзона дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 дараҷа гарм, рӯзона 12+17 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6 дараҷа гарм ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 12-17 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 11+16 дараҷа гарм ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳ шабона 9+14 ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо рӯзона дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 8+13 дараҷа гарм, рӯзона 20+25 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6 ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 11+13 ва рӯзона 22+24 дараҷа гарм мешавад.








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст






