Кӯдакону наврасон ба забони тоҷикӣ ва Рӯзи забони давлатӣ арҷ мегузоранд

Октябрь 5, 2023 08:42

РӮДАКӢ, 05.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 4 октябр бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Ширхоргоҳ- кӯдакистони рақами 1-и ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки роҳбарияти кӯдакистон ва волидайни онҳо ҳамоиши тантанавӣ доир гардид. Дар ин хусус ба мухбири АМИТ «Ховар» мудири Ширхоргоҳ- кӯдакистон Замира Асадуллоева иттилоъ дод.

Зимни ҳамоиш гуфта шуд, ки мояи сарфарозии мо аст, ки ҳамасола 5 октябр дар ҷумҳурӣ Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихору сарбаландӣ аз давлати соҳибистиқлоламон таҷлил мешавад.

Арҷгузорӣ ба забони давлатӣ, ки чун рукни муҳимтарини ҳастии миллат, пойдевори асосии давлатдорӣ ва фарҳангу маънавиёти мардум нақши барҷаста дорад, вазифаи ҷонии ҳар фарди бонангу номус ба ҳисоб рафта, ҳувияти миллӣ, фарҳанг ва ойину суннатҳои мардуми бостонии мо дар ҳама давру замон тавассути забон ҳифз мегардад. Забон ҳамчунин воситаи муқтадири сарҷамъии миллат ва ҳамаи онҳое аст, ки дар гӯшаҳои гуногуни олам ҳастии ин сарвати бебаҳоро пос медоранд.

Дар интиҳои ҳамоиш аз ҷониби дӯструякони боғча барномаи ҳунарӣ, ки тараннумгари забон ва арзишҳои миллӣ буд, манзури аҳли нишаст гардид.

Ёдовар мешавем, ки дар Ширхоргоҳ-кӯдакистони рақами 1-и ноҳияи Рӯдакӣ самти тарбия бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ буда, 350 нафар кӯдакро фаро мегирад. Ба онҳо мураббияҳои соҳибтахассуси ботаҷриба таълим медиҳанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 5, 2023 08:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик