Кормандони Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар ҷамъоварии пахта ба деҳқонон кумак расониданд
КӮЛОБ, 30.10.2023 АМИТ «Ховар»/. 28 октябр омӯзгорон ва кормандони қисми хоҷагидории Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб барои сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта ба ҳашар баромада, дар ҷамъоварии он саҳми арзанда гузоштанд. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.
Кормандони хоҷагидорӣ ва омӯзгорони коллеҷ бо завқу рағбати зиёд ба майдон баромада, аксари онҳо аз 50 то 60 кг пахта чиданд.
Масъулини коллеҷ нақша доранд, ки минбаъд низ ба ҳашар баромада, саҳми худро дар рушди соҳаи кишоварзӣ гузоранд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон








ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Масъалаи зиёд намудани сармоягузорӣ ба татбиқи Неругоҳи барқи обии «Роғун» баррасӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави якчанд давлат эътимоднома қабул намуданд
ЭЪЛОН! Бақайдгирии намояндагони воситаҳои ахбори омма барои инъикоси Конфронси сеюми оби Душанбе оғоз шуд
Нахустин ҷаласаи кории ҳайати комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» дар соли 2024 баргузор гардид






