Кумитаи рушди сайёҳӣ дар самти рушди сайёҳии табобатӣ, экологӣ ва кӯҳнавардӣ чӣ тадбир андешид?

Октябрь 20, 2023 15:16

ДУШАНБЕ, 20.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Барои таъмин намудани рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ зарур аст, ки Кумитаи рушди сайёҳӣ корро ҷиҳати зиёд кардани номгӯйи хизматрасониҳои сайёҳӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳо дар соҳа, роҳандозии васеи сайёҳии табобатӣ, экологӣ ва кӯҳнавардӣ густариш бахшад. Чунин супориш доданд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 23 декабри соли 2022. Дар ин самт кадом тадбирҳо андешида шуд? Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо ин суол ба масъулини Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуд, ки дар зер посухи онҳо пешниҳод мегардад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки зимни сафар ба Тоҷикистон сайёҳони хориҷӣ бештар ба намудҳои сайёҳии экологӣ, куҳнавардӣ ва шикор майлу рағбат доранд.

Ҳоло дар бозори хизматрасонии сайёҳии ҷумҳурӣ 246 ширкати сайёҳӣ, 191 меҳмонхона, 26 ҳостел ва мотел (меҳмонхонаҳои хурд), 1 адад кемпинг (макони муваққатии тобистона барои сайёҳон) ва 5 базаи сайёҳӣ ва истироҳатӣ фаъолият намуда, ба дўстдорони сайру сайёҳати сайёҳии куҳнавардӣ хизмат мерасонанд.

Тавре маълум аст Тоҷикистон бо кўҳҳои сар ба фалак ҳамчун сарзамини дорои боду ҳавои тоза, обҳои шифобахш, куллу дарёҳо, чашмаҳои мусаффо ва манзараҳои нотакрор писанди сайёҳон гардидааст.


Тибқи арзёбиҳои «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» яке аз самтҳои асосӣ- ин сайёҳии кӯҳнавардӣ ба ҳисоб меравад. Ин аст, ки моҳи феврали соли 2023 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия соҳиби ҷоизаи «Мамлакати ҷолибтарин дар Осиё барои сайёҳати кӯҳнавардӣ» гардид.

Бояд гуфт, ки яке аз кўҳҳои номдор ва қуллаи баландтарин дар Осиёи Миёна — ин қуллаи Исмоили Сомонӣ ба ҳисоб рафта, соли 2014 маҷаллаи «Forbes» онро ба руйхати14 макони аз ҳама бештар ғайриоддии собиқ кишварҳои шуравӣ, инчунин маҷаллаи «Топ – 100» кўҳҳои Помирро ба рўйхати мавзеъҳои ҷолиб дохил намуд.

Баландии қуллаи Исмоили Сомонӣ 7495 метрро ташкил медиҳад, ки 1440 метр аз Эверест пасттар аст. Ҳамчунин дар ин маҷалла гуфта мешавад, ки аз се кӯҳи баландиашон аз 7 ҳазор метр зиёдтар дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ сетоаш дар қаламрави Тоҷикистон воқеъ мебошад.

2 марти соли 2023 дар ҳошияи Конфронси нуҳум оид ба ҳамкории байниминтақавии Русия ва Тоҷикистон, ширкатҳои сайёҳии ватанӣ имкониятҳои машғул шудан ба намудҳои сайёҳии табобатӣ, экологӣ ва кӯҳнарвардиро тариқи рӯнамо дар панели 5- ум ҳамоиш дар мавзӯи «Ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ: вазифаҳо ва дурнамо» муаррифӣ намуданд.

Кумита бо мақсади ташвиқу таблиғи имкониятҳои сайёҳӣ, аз ҷумла оид ба сайёҳии табобатӣ, экологӣ ва кӯҳнавардӣ дар ҳамкорӣ бо шабакаҳои бонуфузи телевизионӣ, аз қабили «Моя планета» барномаи «Магия вкуса», шабакаи НТВ барномаи «Поедем, поедим» — и Федератсияи Русия барномаҳо ва тариқи шабакаи ҷаҳонии «BBC World News» видеороликҳои рекламавӣ бо хронометражи 15, 30 ва 120 сония сабт ва таҳия сохта, тавассути онҳо мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистонро тарғиб намуд. Ҳамзамон, дар маҷаллаи ҷаҳонии «National Geografic» мақола ва аксҳо аз манзараҳои сайёҳии ҷумҳурӣ таҳия ва нашр карда шуд.

Ҳамчунин аз 14 то 22 майи соли 2023 таҳти роҳбарии Раиси Кумита ҳайати Тоҷикистон иборат аз масъулини Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, намояндаи телевизиони Тоҷикистон, роҳбарони осоишгоҳҳо, ширкатҳои сайёҳӣ ва Агентии сайёҳии корпоротивии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрҳои Санкт Петербург, Самара, Қазон, Тюмен ва Уфа сафари корӣ анҷом дода шуд.

Дар натиҷаи ин сафар 13 адад санади ҳамкорӣ ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳи сайёҳон байни ширкатҳои сайёҳии Федератсияи Русия ва ширкатҳои сайёҳии ватанӣ, осоишгоҳу курортҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шуд.

Ҷиҳати рушди сайёҳати табобатӣ ва экологӣ дар ҳошияи Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT – 2023», ки 16 – 18 марти соли 2023 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия баргузор гардид, байни ҶСК осоишгоҳи «Оби гарм» ва ҶДММ «Кронвелл Менеҷмент» – и Федератсияи Русия созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.


Ҳамзамон ҷиҳати таъмини рушди сайёҳии табобатӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар доираи баргузории Анҷумани ҷарроҳони давлатҳои иштирокчии ИДМ, ки 4 октябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе доир гардид, гӯшаи сайёҳӣ бо маводҳои иттилоотии сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии табобатӣ ташкил карда шуд.

Бо мақсади рушди сайёҳии экологӣ 26 майи соли 2023 дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Кумитаи Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Русия оид ба сайёҳӣ ва Ассотсиатсияи миллии ташкилотҳои рушди деҳот ва экотуризм дар шакли маҷозӣ мизи мудаввар дар мавзӯи «Рушди сайёҳӣ дар деҳот» ташкил гардид, ки дар кори он роҳбарияти Кумита иштирок намуда, дар мавзуи рушди сайёҳии экологӣ сухан гуфт.

Ҷиҳати рушди сайёҳии табобатӣ ва экологӣ дар Мамнуъгоҳи табиии давлатии «Зоркул» — и Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ташкил намудани долонҳои экологӣ дар ҳамсарҳадии ҳудудҳои табии махсус муҳофизатшавандаи Ҷумҳурии Афғонистон ва рушди инфрасохтори сайёҳӣ корҳои муайян амалӣ шуда, ҷиҳати иҷрои онҳо бо дастгирии шарикони рушд корбарӣ шуда истодааст.

Ҳамзамон, бо мақсади ҷалб намудани сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ ба минтақаҳои сайёҳӣ, муаррифии объектҳои табии аҳамияти экологидошта 9 хатсайри сайёҳии экологӣ дар самти «Душанбе – Балҷувон -Парки табии давлатии Сари Хосор», «Парки табиӣ –таърихии Ширкент», «Душанбе — Мамнуъгоҳи табиии давлатии «Зоркул»» ва «Бешаи палангон», Парки милли Тоҷикистон дар ВМКБ, Парки миллии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор ва Лахш таҳия ва тасдиқ гардида, мавриди истифода қарор доранд.

Бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ ҷиҳати рушди сайёҳии кӯҳнавардӣ дар муассисаҳои таълимии олӣ ва миёнаи касбӣ машғулияти идоравӣ бо ҷалби кӯҳнавард – устоди варзиши сайёҳии куҳӣ Фарҳод Муминов бо фарогирии 400 нафар устодон ва донишҷўёни риштаи сайёҳӣ дар моҳҳои апрел ва майи соли 2023 ташкил карда шуд.

7 — 8 августи соли 2023 бахшида ба 50 — солагии пойгоҳи кӯҳнавардию сайёҳии «Артуч» Конференсияи илмию – варзишӣ таҳти унвони «Тоҷикистон, дорои бойи имкониятҳои сайёҳии таърихию фарҳангӣ, кӯҳӣ, экологӣ ва кӯҳнавардию варзишӣ» бо иштироки роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент, ширкатҳои сайёҳӣ ва кӯҳнавардон аз давлатҳои хориҷӣ ташкил карда шуда, масъалаҳо вобаста ба омода намудани роҳбаладони кӯҳнавард, ташкили пешниҳоди лавозимоти кӯҳнавардӣ дар замина пойгоҳи кӯҳнавардию сайёҳии «Артуч», таҳияи хатсайрҳои кӯҳнавардӣ, ташкил ва баргузории чорабиниҳо оид ба сайёҳии кӯҳнавардӣ, беҳтар намудани шароити инфрасохтори сайёҳӣ ва тарғибу ташвиқи он дар воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Инчунин, ҷиҳати баррасии масъалаҳо марбут ба бехатарии кўҳнавардон 22 сентябри соли 2023 ҷаласаи Платформаи миллӣ оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ таҳти раёсати муовини якуми Раиси ин Платформа доир гардида, дар кори он гузориши намояндаи Кумита дар мавзӯи омӯзиши таъсири хавфи офатҳои табиӣ ба иншооти сайёҳӣ ва такмили низоми амнияти иншооти сайёҳӣ тавассути рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ шунида шуд.

Тавре Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон 23 декабри соли 2022 иброз доштанд: «Дар панҷ соли охир ба кишвари мо беш аз 3,9 миллион нафар, аз ҷумла соли 2022-юм 1 миллион нафар сайёҳон ворид гардидаанд.Дар ин давра барои пешниҳоди хизматрасонӣ ба онҳо беш аз 600 ва танҳо соли 2022-юм 100 иншооти инфрасохтори сайёҳӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шудааст».

Хотирнишон менамоем, ки Тоҷикистон аз 1-уми январи соли 2022 ҷиҳати ҷалби бештари сайёҳон ва сармоягузорони хориҷӣ барои шаҳрвандони 52 кишвари хориҷӣ иқдоми яктарафаи воридшавии бидуни раводид ҷорӣ намуда, инчунин, бо ин мақсад барои шаҳрвандони 126 давлати хориҷӣ пешниҳоди раводиди Тоҷикистон бо тартиби соддакардашуда ҷорӣ гардидаст.

Кумитаи рушди сайёҳӣ бо дастгириву роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди рушди соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат, ба хусус сайёҳии табобатӣ, экологӣ ва куҳнавардӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда васеъ истифода менамояд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 20, 2023 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

МАНДАРИН — МЕВАИ БОЛАЗЗАТУ ХУШБӮЙ. Афшураи он нӯшокии парҳезӣ ва тиббӣ маҳсуб мешавад
НАҚШИ МУШОҲИДОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Шарҳи Котиби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Дар Душанбе рушди бозори меҳнат дар шароити иқтисоди «сабз» баррасӣ шуд
Омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон соҳиби сертификати байналмилалӣ гардиданд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Марҷумак растании серғизо, парҳезӣ, зудҳазм ва давоӣ буда, хатари сактаи дилро пешгирӣ менамояд
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои махсуси истифодаи онро риоя намоед
Ҳайати омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо роҳбарияти Донишгоҳи Ситии Малайзия мулоқот намуд
ИНТИХОБОТ-МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ. Он ягона чорабинии сиёсӣ аст, ки дар он ҳама ҳуқуқи иштироки баробар, ошкоро ва озод доранд
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
Намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар Малайзия вобаста ба омоданамоии кадрҳои баландихтисос вохӯрӣ намуданд
Дар Тоҷикистон оид ба рушди сайёҳии кишоварзӣ вохӯрӣ доир шуд