Дар нуҳ моҳи соли 2025 зиёда аз 90 ҳазор нафар сайёҳ мавзеъҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистонро тамошо карданд

Ноябрь 7, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 07.11.2025 /АМИТ «Ховар»/.  Дар нуҳ моҳи соли 2025 зиёда аз 90 ҳазор нафар сайёҳони дохиливу хориҷӣ мавзеъҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистонро тамошо карданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии ҳифзи меъроси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, сайёҳони хориҷӣ бештар ба тамошои  мавзеъҳои таърихию фарҳангии Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Ҳисор», «Қалъаи Хуҷанд»,  «Қалъаи Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ, дайри буддоии «Аҷинатеппа»-и ноҳияи Вахш, шаҳраки «Тахти Сангин»-и ноҳияи Қубодиён ва дигар маконҳои ҷолиб мароқ зоҳир  менамоянд.

Баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон ҳар сол сайёҳони зиёди хориҷӣ бо мақсади шинос шудан бо ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ва табиати нотакрори ҷумҳурӣ ба мамлакат ташриф меоранд ва аз мероси бою рангини он баҳравар гашта, бо гузаштаву имрӯзаи халқи тоҷик аз наздик шинос мешаванд.

Дар айни замон дар   Тоҷикистон зиёда аз 3000 ёдгории таърихию фарҳангӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки як қисми онҳо аз ҷониби олимони дохилию хориҷӣ  мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд. Вобаста ба ҳифз ва нигоҳдории ёдгориҳои таърихӣ бо ташаббуси Ҳукумати мамлакат то имрӯз 19 санади меъёрию ҳуқуқӣ қабул гардида, ин раванд идома дорад.

Ёдгориҳои таърихии кишвари мо  ҳазорон сол аст, ки арзи ҳастӣ дошта,  аз  қарнҳои 4-3 пеш аз мелод  то ба асри мо расидаанд.  Ёдгориҳо ва  ҷойҳои таърихӣ арзишҳои муҳими ҳаёти зеҳнии халқи тоҷик ба шумор рафта, ҳифз, эҳё ва ба наслҳои оянда мерос гузоштани онҳо ояндаи боэътимоди давлатро таъмин менамояд.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид  таъкид намудаанд: «Дар шароити ҷаҳонишавӣ яке аз вазифаҳои асосии ҳар давлат ҳифзи асолати миллӣ, забон, фарҳанг, аз ҷумла ёдгориҳои таърихӣ мебошад».

Дар доираи татбиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон намудани солҳои 2025-2030»» раванди рақамикунонии ёдгориҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба талаботи соҳавӣ мутобиқ намудани онҳо дар мамлакат  аз моҳи феврали соли 2025 оғоз гардид.

Рақамикунонии ёдгориҳои мероси таърихию фарҳангӣ ҷузъи фаъолияти соҳавӣ ба шумор меравад. Дар ҳамин раванд, Агентӣ вобаста ба иҷрои талаботи моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ» барои таҳияи Феҳристи давлатии ёдгориҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав Гурӯҳи корӣ таъсис дода, азнавбақайдгирии ёдгориҳои таърихию фарҳангиро дар шаҳри Душанбе пурра ба анҷом расонид, корҳо дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо идома доранд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Ноябрь 7, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷамшед Ҷумахонзода: «Соҳаи сайёҳӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфтааст»
Бахшида ба ҷашни Меҳргон Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» баргузор мегардад
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор шуд
Президенти Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ бо имконоти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардид
Покистон тасмим гирифтааст, ки ҳамкориро бо Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ густариш диҳад
«Барномаи рушди сайёҳии дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ ҷамъбаст гардид
«ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ-2026»: Пойтахти Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мизбони ҷашни фарҳангиву фароғатӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Бадахшон ба яке аз маконҳои муҳими сайёҳии кӯҳӣ, экологӣ ва табобатӣ табдил ёфтааст
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд баррасӣ гардид
Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо мавзеъҳои таърихию сайёҳии минтақаи Кӯлоб шинос шуданд