РУШДИ САЙЁҲӢ. Дар Суғд шумораи сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ афзоиш ёфта, инфрасохтори соҳа тақвият меёбад
ДУШАНБЕ, 07.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар нуҳ моҳи соли 2025 шумораи меҳмонони хориҷие, ки тавассути гузаргоҳҳои сарҳадии вилоят Суғд ба ин минтақа ворид гардидаанд, 1 миллиону 17 ҳазору 600 нафарро ташкил медиҳанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 226,7 ҳазор нафар зиёд мебошад.
Тавре аз шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, аз ин шумора 46 ҳазору 514 нафар ҳамчун сайёҳ ворид гардидаанд, ки 22 ҳазори он мавзеъҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва сайёҳии вилоятро тамошо намуданд.
Меҳмонони воридгардида асосан аз давлатҳои Олмон, Полша, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷопон, Италия, Канада, Австрия, Туркия, Беларус, Испания, Молдова, Фаронса, Шветсия, Малайзия, Филиппин, Австралия, Бангладеш, Индонезия, Ҳиндустон, Озарбойҷон, Шветсария, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Корея, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Исломии Эрон буданд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар натиҷаи татбиқи босамари «Стратегияи рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030» ва тадбирҳои андешидашуда дар ин самт, давоми солҳои охир шумораи сайёҳону ҷаҳонгардон бо мақсадҳои гуногун тавассути гузаргоҳҳои сарҳадии вилоят зиёд гардида истодааст.
Бояд гуфт, ки вилояти Суғд яке аз минтақаҳои дорои имкониятҳои васеи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Табиат, таърих, фарҳанг ва меҳмоннавозии мардум ин минтақа сайёҳони дохилӣ ва хориҷиро бештар ба худ ҷалб намудааст.
Дар айни замон дар вилоят беш аз 1190 ёдгориҳои таърихӣ, 24 осорхона, 97 зиёратгоҳ, 65 меҳмонхона, 19 осоишгоҳ, 4 лагер, 4 дармонгоҳи табобатӣ — истироҳатӣ, 2 хонаи истироҳатӣ, 1 маркази муолиҷавӣ, 1 базаи истироҳатӣ ва 1 базаи сайёҳӣ бо ғунҷоиши умумии 7441 ҷой фаъолият доранд.
Инчунин барои сайёҳон 42 адад ширкатҳои сайёҳӣ хизмат мерасонанд, ки нисбат ба соли 2018 ду баробар афзудааст. Дар ин замина, шумораи хатсайрҳои сайёҳӣ низ афзудааст, ки ба ҳисоби миёна 210 ададро ташкил медиҳад.
Иттилоъ дода шуд, ки ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 октябри соли 2025, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 127 иншооти истироҳатию фарҳангӣ, 272 иншооти хизматрасонии сайёҳӣ ва меҳмонхонаҳо ва 1547 иншооти савдо ва хизматрасонӣ мавриди истифода қарор гирифтааст, ки барои афзун намудани иқтидорҳои сайёҳии вилоят заминаи мусоид фароҳам овардаанд.
Қобили тазаккур аст, ки бунёди даҳҳо иншооти дигари сайёҳӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят идома дошта, то истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода мешаванд, ки барои таъсиси ҷойҳои корӣ, беҳтар шудани инфрасохтор ва татбиқи «Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030» мусоидат хоҳад кард.
Мавзеъҳои табиии вилояти Суғд, махсусан кӯлҳо ва дараҳои баландкӯҳи он, барои сайёҳони табиатдӯст имконият фароҳам овардааст, ки онҳо сайру саёҳатро дар ин маконҳо бофароғат гузаронанд. Кӯли Искандаркӯл, дараҳои Яғнобу Фон ва минтақаҳои кӯҳии ноҳияи Айнӣ дорои шароити хуб барои хаймазанӣ, кӯҳнавардӣ ва экосайёҳӣ мебошад.
Вилояти Суғд, бо таърихи куҳан, табиати зебо ва анъанаҳои бойи мардумӣ, як минтақаи ояндадори сайёҳӣ мебошад. Таваҷҷуҳи рӯзафзуни сайёҳон ва сармоягузорони дохилию хориҷӣ ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар ин вилоят, шаҳодати равшани имкониятҳои фаровони он аст. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки фаъоли аҳолӣ, вилояти Суғд метавонад ба яке аз марказҳои пешрафтаи сайёҳии минтақа табдил ёбад.
Моҳинаи НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид






