ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ-2023/24. «Истиқлол» ба муқобили ҳамдастаҳои Криштиану Роналду бозии арзанда намуд
ДУШАНБЕ, 03.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шаби 2 октябр дар варзишгоҳи «Ал-Аввал Парк»-и шаҳри Риёз бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё дар гурӯҳи «Е» байни дастаҳои футболи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ ва «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе баргузор гардида, бо ҳисоби 3 бар 1 ба нафъи дастаи футболи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ анҷом ёфт. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Дар қисми аввали бозӣ дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар ҳисоб пешсаф буд. Сенин Себай дар дақиқаи 44-ум голи дастаи футболи «Истиқлол»-ро ба нишон расонид. Ин аввалин голи дастаи «Истиқлол» дар Лигаи чемпионҳои Осиё дар мавсими 2023/24 маҳсуб мешуд.
Қисми дуюми бозӣ комилан ранги дигар гирифт. Ситораи асосии дастаи футболи «Ал-Наср» — Криштиану Роналду дар дақиқаи 66-ум ҳисобро мусовӣ: 1 бар 1 намуд. Ин голи аввали Роналду дар Лигаи чемпионҳои Осиё буд. Бо гузаштани 6 дақиқа бозингари бразилӣ Андерсон Талиска бо сар тӯбро вориди дарвозаи Рустам Ятимов намуд.
Дар дақиқаи 77-уми бозӣ пас аз бозии хуби Ғариб ва Талиска дар канори рост ҳисоб 3 бар 1 гардид. Талиска бо зарбаи қавӣ голи дуюмашро дар ин вохӯрии ҷолиб ба нишон расонид.
Инчунин дар бозии дигари гурӯҳ дастаи футболи «Ал-Дуҳайл»-и Қатар бо ҳисоби 0 бар 1 аз дастаи «Персеполис»-и Эрон мағлуб шуд. Ягона голро Умид Алишоҳ ба ҳадаф расонид.
Ёдовар мешавем, ки дар даври 3-юми бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё 24 октябр дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар сафар бо дастаи «Персеполис»-и Эрон ва дастаи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ дар ҳамин рӯз дар сафар бо дастаи футболи «Ал-Дуҳайл»-и Қатар вориди майдон мешаванд.
АКС аз сомонаҳои боз








КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






