Маркази омӯзишӣ ва дастгирии занони роҳбарикунанда ва болаёқат 20 занро ба машғулияти омӯзишӣ ҷалб намуд

Октябрь 16, 2023 16:19

ДУШАНБЕ, 16.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 13 октябр дар Маркази омӯзишӣ ва дастгирии занони роҳбарикунанда ва болаёқати Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Татбиқи сиёсати гендерӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» даври сеюми машғулияти такмили ихтисос аз рӯйи барномаи «Ташаккули малакаи забондонӣ ва коргузории хизматчиёни давлатӣ» барои занони болаёқати мақомоти давлатӣ ифтитоҳ гардид, ки 20 шунавандаро фаро мегирад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи идоракунии давлатӣ хабар медиҳад.

Машғулият аз 13 октябр то 5 январи соли 2024 баргузор шуда, ба шунавандагон забонҳои русию англисӣ, технологияҳои иттилоотӣ, асосҳои коргузорӣ дар идораи давлатӣ, фарҳанги суханварӣ, тартиби таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ғайра омӯзонида мешаванд. Дар ҷамъбаст баъди санҷиши донишҳои омӯхта ба шунавандагон гувоҳномаи хатми машғулияти такмили ихтисос дода мешавад.

Соли 2023 аллакай 41 зани болаёқати мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар Маркази омӯзишӣ ва дастгирии занони роҳбарикунанда ва болаёқат чунин машғулияти дарозмуддатро хатм намуданд.

АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 16, 2023 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд