МАРЗУ БУМАТРО ҲИМОЯТ МЕКУНЕМ! Дар шаҳри Гулистон маросими ботантанаи гусели наваскарон ба сафи Артиши миллӣ доир шуд

Октябрь 4, 2023 17:08

ДУШАНБЕ, 04.10.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд маросими гусели ботантанаи наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар медиҳад.

Маросими тантанавӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз шуда, иброз гардид, ки Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои нахустини таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ бо вуҷуди имконияти маҳдуди иқтисодиву молиявӣ барои бунёди инфрасохтори низомӣ, таъсиси ҷузъу томҳои махсус, таъмин бо техникаву таҷҳизоти замонавӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои хизмат ва зиндагӣ тамоми тадбирҳоро амалӣ намуд. Ин раванди бунёдкорӣ имрӯз низ идома меёбад.

Имрӯзҳо садҳо нафар ҷавонписарон аз шаҳри Гулистон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбаландона хизмати  Ватан-Модарро ба ҷо меоранд.

Дар маросими тантанавӣ ба як зумра даъватшудагоне, ки даврҳои омӯзиши ронандагиро ба итмом расонидаанд, шаҳодатномаи ронандагӣ тақдим шуд.

Сипас, чун анъана маросими нонгазонӣ доир шуд. Санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр барои болидахотирии иштирокчиён барномаи фарҳангӣ манзур намуданд.

 АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳи Гулистон

Октябрь 4, 2023 17:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд