МУЖДА АЗ БОЗИҲОИ ОСИЁИИ ХАНЖОУ-2022! Миҷгона Самадова аз намуди бокс барандаи медали биринҷӣ гардид!
ДУШАНБЕ, 04.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз варзишгари тоҷик Миҷгона Самадова (57 кг) барандаи медали биринҷии Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 аз намуди бокс гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар даври нимниҳоӣ Миҷгона Самадова аз қаҳрамони Осиё Карина Ибрагимоваи қазоқистонӣ бо қарори якдилонаи доварон бо ҳисоби 2:3 мағлуб шуда, соҳиби медали биринҷӣ гардид.
Қобили тазаккур аст, ки Миҷгона Самадова дар вазни то 57 кг аз байни варзишгарони тоҷик аввалин шуда, роҳхати Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024-ро аз намуди бокс соҳиб шуд. Ӯ дар даври аввал бар намояндаи Ветнам Нгуйен Ҳуен Тран ва дар даври чаҳорякниҳоӣ бар Сатсуки Ёшизава аз Ҷопон пирӯз гардид.
Ҳамин тариқ, медали биринҷии Миҷгона Самадова медали ҳафтуми дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 мебошад.
Қаблан аз Тоҷикистон дар ин Бозиҳо Сомон Маҳмадбеков (ҷудо, -81 кг)- медали тилло, Давлат Болтаев (бокс, -92) — медали тилло), Темур Раҳимов (ҷудо, +100 кг)- медали нуқра, Беҳрӯз Хоҷазода (ҷудо, -73 кг)- медали биринҷӣ, Хайрандеш Муродзода (гӯштини кураш, -66 кг)- медали биринҷӣ ва Ҳақназар Назаров (гӯштини кураш, -90 кг)- медали биринҷӣ ба даст оварда буданд.
Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 то 8 октябр идома меёбанд. Дар ин мусобиқа 481 маҷмуи медалҳо аз рӯи 40 намуди варзиш ба роҳ монда шудааст.
АКС: ТВ Варзиш








Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар ноҳияи Данғара байни омӯзгорон мусобиқаи футбол доир шуд
Дар Дави миллӣ дар Душанбе беш аз 32 ҳазор нафар иштирок намуданд
ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2026. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон тими Афғонистонро мағлуб кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) иштирокашро дар Ҷоми Осиё-2026 ба анҷом расонид
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мусобиқаи футбол доир гардид
Мустафо, Абдулло ва Шарифҷон шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Муъминободро соҳиб шуданд
Дар ноҳияи Темурмалик Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор шуд
Дар Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор мегардад
Дар Истаравшан Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини юнонӣ-румӣ доир шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи наврасони Тоҷикистон дар даври чорякниҳоии мусобиқа бо дастаи Ҷопон бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тимҳои Австралия, Ироқ ва Сингапур бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Чин иштирок дорад






