Намояндагони Тоҷикистон дар Саммити глобалии сатҳи баланд оид ба ғизои мактабӣ дар Фаронса иштирок доранд

Октябрь 19, 2023 11:46

ДУШАНБЕ, 19.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. 18 октябр дар шаҳри Парижи Фаронса Саммити глобалии сатҳи баланд оид ба ғизои мактабӣ ба кор шуруъ намуд, ки дар он намояндагони  Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Сафарзода иштирок доранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар рӯзи нахусти Саммит намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз уҳдадориҳои ин давлат дар самти таъмини муассисаҳои таълимӣ бо ғизои мактабӣ маълумот дода, дар маросими расмии супоридани санад оид ба уҳдадорӣ – Эътилофи ғизои мактабӣ, ки аз ҷониби Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода имзо шуда буд, иштирок намуданд.

Дар маросими расмӣ таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин давлат аз Осиёи Марказӣ аст, ки моҳи апрели соли равон ба Эътилофи ҷаҳонии ғизои мактабӣ ҳамроҳ шуд. Уҳдадориҳо дар назди Эътилофи ҷаҳонӣ дар асоси ҳадафҳо ва вазифаҳои Барномаи миллии рушди ғизои мактабӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуда, нақшаи татбиқи он то соли 2027 идома меёбад, татбиқ мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки Саммити глобалии сатҳи баланд оид ба ғизои мактабӣ ду рӯз идома ёфт ва имрӯз анҷом меёбад.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 19, 2023 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд