Ҷониби Тоҷикистон давлатҳои аъзои СММ-ро барои иштирок дар Конфронси сеюми Душанбе оид ба татбиқи Даҳсолаи об даъват намуд

Октябрь 12, 2023 11:22

ДУШАНБЕ, 12.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби  Намояндагии  доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид дар муҳокимаҳои умумии Рӯзномаи Кумитаи дуввуми Иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди устувор  корманди намояндагӣ Таҳмина Ҳасанова иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар доданд.

Ӯ дар бораи иқдоми Тоҷикистон дар раванди амалисозии Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор маълумот дода, аз авлавияти Тоҷикистон дар кори Кумита ёдовар шуд.

Таҳмина Ҳасанова инчунин оид ба ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи обу иқлим, аз ҷумла Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани соли 2025 ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор сухан гуфт.

Илова бар ин, аз давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид даъват ба амал оварда шуд, ки дар Конфронси сеюми Душанбе оид ба татбиқи Даҳсолаи об (июни соли 2024) фаъолона иштирок намоянд.

АКС: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид

Октябрь 12, 2023 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд