Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакиро ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 26.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. 26 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд.
Иншоот бо назардошти талаботи замони муосир дар масоҳати умумии 7 садяк замин бунёд шудааст. Масоҳати худи бино бо назардошти иншооти ёрирасон 125 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2021 оғоз гардида, он аз ҳисоби маблағҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ва бо ҷалби аъзои фаъоли ҳизб-соҳибкорони маҳалливу шахсони саховатпеша бунёд ёфтааст. Пудратчии иншоот Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ёсин-сохтмон” буда, дар ҷараёни корҳои созандагӣ сохтмончиёни маҳаллӣ ба кор ҷалб шудаанд.
Иншоот аз се ошёна иборат буда, қабати якум аз китобхона бо 1500 нусха адабиёти классику муосир, шуъбаи таблиғот ва иттилоот, утоқи қабули шаҳрвандон иборат буда, ошёнаи дуюм ва сеюмро утоқҳои корӣ, маъмурият, маҷлисгоҳ бо назардошти 100 ҷойи нишаст ташкил медиҳад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба сифати корҳои бунёдӣ баҳои баланд дода, масъулинро ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти корӣ ва амалӣ намудани ҳадафҳову барномаҳои оинномавии ҳизб муваззаф намуданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад






